Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ

15 январи соли 2020 дар мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ баргузор гардид.

Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2020 Азиззода Ғайрат Мулломаҳмад бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд озод гардида, ба ҷойи ӯ Азиззода Тоҳир Мирзораҳмат иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд таъин карда шуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба Азиззода Ғайрат Мулломаҳмад барои фаъолияти пурсамараш изҳори сипос намуда, ба Азиззода Тоҳир Мирзораҳмат барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо таманно кард.

Таъкид карда шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ва бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои ноҳияи Мастчоҳ сол аз сол беҳтар гардида, рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ таъмин гардида истодааст.

Раиси вилоят дар назди роҳбарияти ноҳия ҷиҳати беҳтар намудани вазъи соҳаҳои саноату кишоварзӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон, дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ва боз ҳам беҳтар намудани нишондиҳандаҳо вазифаҳои мушаххас гузошта, изҳори боварӣ намуд, ки сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни ҷумҳуриявии Рӯзи Ваҳдати миллиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.

Ёдовар бояд шуд, ки Азиззода Тоҳир Мирзораҳмат 17-уми апрели соли 1980 дар деҳаи Пастиғави ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон буда, аз рӯи ихтисос иқтисодчӣ мебошад.

Мавсуф дар вазифаҳои раиси бахши ҷавонони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ,  раиси хоҷагии деҳқонии ҷамоавии ба номи Мусо Исоев, роҳбари ҶДММ “Пастиғав” ва муовини якуми раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ кор кардааст.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh