Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ширкати «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» Юан Син Мин

Нимаи дуюми рӯзи 15 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  роҳбари ширкати «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» Юан Син Минро бо ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқоти ҷонибҳо масъалаи ҳамкориҳои тарафайн мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ширкати «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» бо мақсади тавсеи доираи фаъолияташ ният дорад дар мавзеи Кумарғи ноҳияи Айнӣ корхонаи нави истеҳсолиро фаъол намояд. Раиси вилоят иқдоми роҳбарияти ширкатро хуш пазируфт ва таъкид кард, ки бунёди корхонаи мазкур метавонад дар раванди татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии мамлакат таъсири мусбат расонад. Корхонаи нав иқтидори истеҳсоли 1 тонна тилло дар як солро доро буда, дар марҳилаи аввал 200 ва давоми ду соли наздик, яъне то соли 2022 миқдори ҷойҳои нави кориро ба 600 адад расониданӣ аст.

Ширкат дар соли 2019 корхои нақшакашӣ, санҷишҳои геологӣ ва бунёди инфрасохтори заруриро ба маблағи 30 миллион доллари амрикоӣ дар ин мавзеъ ба роҳ мондааст ва соли равон ният дорад бо анҷоми корҳои сохтмонӣ ба истеҳсолот шурӯъ намояд. Ҳайати кории ширкатро дар маҷмуъ 600 корманди техникӣ ва сохтмонӣ фаро мегирад, ки аз ин 426 нафарро коргарони махаллӣ ташкил хоҳанд дод.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода масъулини соҳаро уҳдадор намуд, ки бо таъсиси комиссияи дахлдор раванди омодагиҳоро барои шурӯи фаъолияти корхонаи нави истеҳсолӣ омӯхта, хулосаҳои заруриро пешниҳод намоянд.

Тавсия дода шуд, ки баробари ба роҳ мондани фаъолияти истеҳсолӣ, ширкат ҳамзамон дар вусъати корҳои ободонии ноҳияи Айнӣ, аз қабили таъмиру азнавсозии роҳҳо ва бунёди иншооти иҷтимоӣ саҳмгузор бошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh