Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

16 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ шинос гардид.

Раиси вилоят нахуст фаъолияти фермаи хоҷагии деҳқонии ба номи Бобоҷон Махсудро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Чуноне иттилоъ дода шуд, роҳбарияти хоҷагӣ ният дорад, ки фермаи молиро навсозӣ намуда, теъдоди моли калони шохдорро зиёд намояд. Дар фермаи мазкур, ки 9 гектар масоҳат дорад, 324 сар моли калони шохдор, аз ҷумла 120 сар модагов нигоҳубин карда шуда, 26 нафар кормандон фаъолият мебаранд.

Раҷаббой Аҳмадзода иқдоми роҳбарияти хоҷагиро саривақтӣ арзёбӣ карда, иброз дошт, ки талабот ба гӯшту шир сол аз сол зиёд гардида истодааст ва васеъ намудани доираи фаъолият ба манфиати кор мебошад.

Сипас, Раиси вилоят бо фаъолияти фабрикаҳои паррандапарварии ҶДММ “Дӯсти Азиз” ва ҶДММ “Воҳа” ошно гардид. Ба иттилои масъулин ҶДММ “Дӯсти Азиз” соли 2018 дар масоҳати 1 гектар бунёд гардида, дар он 18 000 сар парранда парвариш меёбад. ҶДММ “Воҳа” бошад фаъолияти худро соли 2019 оғоз бахшидааст ва дар он  парвариши 25396 сар парранда ба роҳ монда шудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода фаъолияти фабрикаҳои паррандапарвариро дар самти истеҳсоли гӯшти мурғ ва тухм назаррас хонда, таъкид кард, ки дар вилоят ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ташкили фабрикаҳои паррандапарварӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони як қатор иншооти ҷашнӣ идома дорад. Дар аснои сафари корӣ Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони чанде аз иншоот, аз ҷумла маркази хизматрасониву тарабхона, кӯдакистони хусусӣ ва майдони Парчами давлатӣ шинос шуд.

Маркази хизматрасонӣ дар масоҳати 0,12 гектар қомат афрохта, тибқи нақша дар он 15 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.

Кӯдакистони хусусӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ дар масоҳати 0,37 гектар бунёд гардида истодааст. Дар муассисаи томактабӣ то 20 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардида, 150 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Маблағи лоиҳавии иншоот 1 миллион сомониро ташкил дода, айни замон 90 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати 0,22 гектар ва дар саҳни бинои ҷамоат бунёд гардида, барои истироҳату фароғати сокинон шароити зарурӣ фароҳам оварда хоҳад шуд. Дар асоси лоиҳа баландии сутунпояи Парчам 36 метрро ташкил медиҳад ва тибқи дастури Раиси вилоят дар майдон барои фароғати кӯдакон низ атраксионҳои муосир гузошта мешавад.

Раиси вилоят пас аз шиносоиҳо ба роҳбарияти ноҳия барои бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ, чароғонкунии кӯчаву атрофи иншоот, тақвияти корҳои ободониву хуррамгардонӣ супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh