САМАРАИ НЕКИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷикон аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардани нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми Тоҷикистон овардааст.

Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки то ҷашни муқаддасу бузурги 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон ҳар як оила ба масъалаи таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зист, кӯчаву хиёбон ва ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин кӯшиш намояд. Мо бояд ин ҷашни мубораки миллиамонро дар шароити аз имрӯза беҳтар ва бо дастовезҳои арзандаи миллати некномамон истиқбол намоем.

Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти афзоиши шумораи аҳолии мамлакат ва бо мақсади ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардуми кишвар 135 ҳазор гектар замин барои бунёди манзили истиқоматӣ тақсим карда дода шуд. Тибқи фармони Сарвари давлат, ҳангоми бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти гуногун бояд санъати меъморӣ риоя гардида, барои боз ҳам зебоии симои шаҳру деҳот кӯшиш ба харҷ дода шавад. Масъулонро зарур аст, ки барои таъмини рушди соҳаи сохтмон ҷиҳати ба стандартҳои муосир мутобиқ гардонидани сифати иншооти сохташаванда ва омода намудани кадрҳои сатҳи баланди соҳаи меъморӣ дар дохил ва хориҷи кишвар тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Омодагиҳо ба ин ҷашни таббаррук тақозо месозад бовар намоем, ки то ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон - 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ мо боз корҳои зиёди бунёдгаронаро амалӣ гардонем, тамоми захираву имкониятҳоро барои бунёди корхонаҳои хурду бузург сафарбар намоем, барои ҳамватанонамон ҷойҳои нави корӣ муҳайё созем ва сатҳи некӯаҳволии халқамонро боз ҳам беҳтар гардонем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ буда, дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

 Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Мо бояд бо ин миллати некном биболему барои боз ҳам беҳтар гардидани он саъю талош намоем.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh