Истаравшан: ПЕШРАФТИ САНОАТ НАЗАРРАС АСТ!

Дар даврони Истиқлолияти давлатии кишвар бо шарофати сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми заҳматпешаи ин куҳандиёр симои шаҳр ба куллӣ дигар гашт. Инчунин, дар амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар нақши муассир мегузорад.

Дар шаҳр чандин иншооти хурду бузург, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, маҷмааҳои варзишиву хизматрасонӣ, кӯчаю хиёбонҳои нав бунёд ва ёдгориҳои таърихӣ таъмиру навсозӣ шуданд.

Аз баракати соҳибистиқлолии кишвар ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳр эҳё гардида, мардум хусусан занону духтарон ҳунарҳои аҷдодиро сайқали тоза мебахшанд. Ҷиҳати бо шуғли доимӣ фаро гирифтани сокинон, махсусан бонувон, марказҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили атласу адрас, қолинбофӣ, гулдӯзиву зардӯзӣ таъсис ёфтанд. Соҳибкории хурду миёна дар қаламрави шаҳр равнақу ривоҷ ёфт.

Саҳми соҳибкорону тоҷирон дар ободию шукуфоии шаҳру деҳот бесобиқа аст. Айни ҳол дар шаҳр оид ба рушди соҳаи саноат, бунёди корхона ва коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Бино ба иттилои Алишер Мамуров сармутахассиси шуъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, давоми соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 529 миллиону 167,7 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин даври соли 2018 - ум 95 миллиону 136 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

 - Дар соли сипаригардида чор корхонаи истеҳсолии саноатӣ, аз ҷумла ҶММ «Тоҷикистон» - коркарди ғалла ва истеҳсоли орд, ҶДММ «Сифат 2017» - коркарди партовҳо ва истеҳсоли зарфҳои пластмассӣ, ҶДММ «Ҳайит Ваҳобов» - истеҳсоли хишти пухта, ҶДММ «Ҷобири Собир» - коркарди сангҳои ороишӣ ва ҳашт коргоҳи хурду миёна, аз ҷумла ду симтӯрбофӣ, як сехи ҷуроббофӣ, се сехи дӯзандагӣ, як сехи қаннодӣ ва як сехи истеҳсоли нони қолабӣ, ҷамъ бо 91 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз намуданд, - гуфт номбурда. Дар шаҳр оид ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар соли сипарӣ ба маблағи 279 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки танҳо маҳсулоти ҶСП “Оби Зулол” 255 миллиону 898 ҳазор сомониро ташкил дод.

Ҳамзамон, дар корхонаҳои саноатии шаҳр бо зиёд шудани ҳаҷми истеҳсолот шумораи коргарон низ афзун гаштааст. Яке аз роҳҳои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, махсусан барои занону духтарон ҳалли масъалаҳои маҳсулоти воридотивазкунанда, яъне дӯхтани сарулибос, махсусан сарулибоси ягонаи мактабӣ мебошад. Бо ин мақсад то имрӯз дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 30 сехи дӯзандагӣ фаъолият бурда истодаанд ва дар соли хониши нави 2019 - 2020 беш аз 29266 ҳазор толибилмону омӯзгорон бо либосҳои мактабӣ таъмин шуданд. Имрӯз дар корхонаҳои саноатии шаҳр 824 нафар фаъолият доранд.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар соли сипаришуда гардиши савдои чакана ба 1 миллиарду 486 миллиону 276 ҳазор сомонӣ ва ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба 273 миллиону як ҳазор сомонӣ расид, ки мутаносибан ба 103,8 ва 100,1 фоизи ҳамин даври соли 2018 баробар аст. Соҳаи саноат дар бобати зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва даромади буҷети давлатӣ нақши арзанда дорад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh