ЗАФАРОБОД: ЧАРО ҚАРЗИ НЕРӮИ БАРҚ АФЗУД?

Барои дар фасли зимистон беталаф ва доимӣ интиқол додани нерӯи барқ, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи омодагии ташкилоту муассисаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ, барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон масъулину муҳандисон ва устоҳои барқ муоинаи ҳамаи хатҳои интиқоли барқи баланду пастшиддатро анҷом дода, ноқилҳои аз кор баромада, симчӯбҳои кӯҳнаву фарсуда ва дигар лавозимоти интиқоли барқро иваз карда, зеристгоҳҳои калону хурд, трансформаторҳои гуногунҳаҷмро аз таъмиру тармими асосӣ бароварданд.

Мавриди зикр аст, ки якчанд трансформатори калонҳаҷми ба муштариён хизматрасонанда 35 - 40 сол инҷониб дар дохили чордевори болопӯшида ҷойгир буд. Бо гузашти солҳо боми ҳуҷраҳои трансформаторҳо фарсурда шудаву дар фасли зимистон аз бориши борону барф мушкилот пеш меомад.

Ҷиҳати пешгирии роҳи вайроншавии трансформаторҳо, сӯхтори ногаҳонӣ ва бебарқ мондани муштариён бо кӯмаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод ва дастгирии молиявии шабакаҳои барқи минтақаи Истаравшан боми се адад чунин трансформатори иқтидори 250 киловолт тунукапӯш шуд. Дар хиёбони Исмоили Сомонӣ бошад, 9 сутунпояи фарсуда бо 1500 метр ноқил ва хатти барқи баландшиддати ЛЗ 7 - и Зафаробод қисман навсозӣ гардид. - Шабакаҳои барқии ноҳия 13 ҳазору 482 муштарӣ дошта, аз он 11 ҳазору 427 нафарашон аҳолӣ мебошанд, - гуфт зимни суҳбат сардори шабакаҳои барқи ноҳия Хуршед Мавлонов.

Ҳамчунин, ӯ зикр намуд, ки давоми соли 2019 мувофиқи ноҳия ба миқдори 339 миллиону 983 ҳазор киловатт - соат ба маблағи 29 миллиону 720,6 ҳазор сомонӣ нерӯи барқ дода шуда, пардохти он 12 миллиону 669 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки ин ба 42,6 фоиз баробар мебошад. Бе обёрии мошинӣ ба миқдори 71 миллиону 143 ҳазор киловатт - соат нерӯи барқ ба маблағи 10 миллиону 999,3 ҳазор сомонӣ дода шуда, пардохти он 10 миллиону 316,1 ҳазор сомонӣ ё 93,8 фоизро ташкил намуд.

Дар ин давр ба аҳолӣ ба маблағи 5 миллиону 92 ҳазор сомонӣ қувваи барқ дода шуда, пардохти он 103 фоизи барқи истифодагардидаро дарбар мегирад. Ба санаи якуми январи соли ҷорӣ қарздории муштариён ва корхонаву ташкилот бе обёрии мошинӣ аз ҳисоби истифодаи нерӯи барқ 6 миллиону 37,7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Мутаассифона, ба санаи якуми январи соли равон қарзи умумии истифодабарандагони нерӯи барқ 55 миллиону 453,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин қарзи аҳолӣ 525,4 ҳазор сомонӣ мебошад. Яке аз калонтарин истифодабарандагони нерӯи барқ ин Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия буда, қарзи он дар назди шабакаҳои барқ то санаи якуми январи соли равон 49 миллиону 416 ҳазору 200 сомонӣ мебошад, ки ин қарз аз соли 2017 то имрӯз афзуда истодааст.

Аз ин сабаб масъулини шабака ва бахши фурӯши барқи ноҳия баробари ташкили хизматрасонии боэътимод ҳамзамон, бо муштариёни ҳамаи самтҳо вохӯриҳои судманд ташкил намуда, ҷиҳати пардохти ҳаққи барқи истифодабурдашуда ҷаҳду талош доранд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”
Хуҷанд – Зафаробод – Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh