Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара

29 январи соли 2020 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр баргузор гардид.

Дар аснои муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020 Саломзода Сиҷоуддин бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Исфара озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Сулаймонзода Акрам Раҳим иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара таъин гардид.

Раҷаббой Аҳмадзода ба Саломзода Сиҷоуддин барои фаъолияти самаранокаш ба ҳайси раиси шаҳри Исфара изҳори сипос намуда, ба Сулаймонзода Акрам Раҳим дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ комёбиҳо таманно кард. Дар зимн ба роҳбарияти шаҳри Исфара ҷиҳати тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, маорифу фарҳанг, тандурустӣ, истифодаи самараноки обу замин, татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастгирии ятимону ниёзмандон дастуру супоришҳо дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки Сулаймонзода Акрам Раҳим соли 1963 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1986 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2010 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Сулаймонзода Акрам Раҳим дар солҳои гуногун ба ҳайси директори хазинадори марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъбаи молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири энеретика, муовини вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Абдураҳмон Ҷомии вилояти Хатлон фаъолият дошт. Аз соли 2016 то январи соли 2020 раиси ноҳияи Спитамен буд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh