Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен

29 январи соли 2020 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни муаррифӣ таъкид кард, ки бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020 Сулаймонзода Акрам Раҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Спитамен озод гардида, Темурҷон Нуъмонзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен таъин карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки Темурҷон Нуъмонзода 1 марти соли 1984 таваллуд шудааст. Темурҷон Нуъмонзода аз рӯи ихтисос ҳуқуқшинос буда, дар солҳои гуногун дар вазифаҳои раиси раёсати кооперативи истеҳсолии «Миркамолов Темурҷон» ва сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд кор кардааст. Аз соли 2016 то инҷониб дар вазифаи сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд фаъолият дошт.

Раҷаббой Аҳмадзода ба Сулаймонзода Акрам Раҳим барои фаъолияти пурсамараш ба ҳайси раиси ноҳияи Спитамен изҳори сипос намуда, ба Темурҷон Нуъмонзода баҳри иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо таманно кард. Таъкид гардид, ки роҳбарияти ноҳия бояд ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва татбиқи ҳадафҳои пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумат талош намояд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh