Майдони Парчами давлатӣ боиси ифтихормандӣ!

Чуноне зикр гардид, дар шаҳраки Бӯстон ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди умумиҷумҳуриявии Ваҳдати миллӣ якчанд иншооти муҳим, аз ҷумла, марказҳои хизматрасонӣ, меҳмонхона, майдончаҳои варзишӣ мавриди истифода қарор мегиранд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ба ҷараёни корҳои сохтмони  майдони Парчами давлатӣ дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия шинос гардида, ба сохтмончиён ҷиҳати бо сифати баланд бунёд намудани иншооти мазкур дастуру супоришҳо дод. Мавриди зикр аст, ки баландии Парчами давлатӣ 50 метрро ташкил дода, ба яке аз мавзеъҳои ободу зебои ноҳия мубаддал хоҳад гашт.

Дар ҳамин мавзеъ Раиси вилоят дар ҳашари ниҳолшинонӣ иштирок намуда, ба масъулин дастур дод, ки ба шинонидани ниҳолу буттахои ороишӣ  ва зебову хуррамгардонии ин макон эътибори хоса зоҳир намоянд.

Мухтори АБДУЛЛО,

“Ҳақиқати Суғд”

 

Add comment


Security code
Refresh