ДАСТОВАРДҲОИ НЕК - БАЁНГАРИ РУШД ВА САТҲИ ХУБИ ЗИНДАГӢ

Гузориш аз нишасти матбуотии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой АҲМАДЗОДА оид ба натиҷаҳои соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли 2019

Санаи 5 – уми феврали соли равон дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» - и маркази вилоят нишасти матбуотии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода оид ба натиҷаҳои соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли 2019 баргузор гардид, ки дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ ширкат варзиданд.

Раҷаббой Аҳмадзода сараввал роҷеъ ба натиҷаҳои соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли 2019 маълумоти муфассал дода, дар маҷмӯъ соли 2019 – ро барои мардуми вилояти Суғд соли дастовардҳо ва комёбиҳои назаррас арзёбӣ намуд.

- Мардуми вилояти Суғд чун тамоми мардуми созанда ва бунёдкори ҷумҳурии соҳибистиқлоламон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои арзанда ноил гардида, баҳри татбиқи сиёсати созанда ва амалӣ намудани ҳадафҳои неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ва баҳри ободии сарзамини аҷдодонамон саъйу талошҳои арзишманд намуда, ба дастовардҳои шоиста ва назаррас ноил гардиданд, - таъкид дошт Раиси вилоят.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон зикр намуд, ки соли 2019 бо як қатор чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ барои мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони вилояти Суғд соли бобарор ва пур аз рӯйдодҳои таърихӣ буд.

Эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», дар рӯзи таҷлили 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намудани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун», ҳадафи чоруми миллӣ пазируфтани саноатикунонии мамлакат аз тадбирҳои ҳадафмандонаи сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат дар соли 2019 ба ҳисоб рафта, ин дастовардҳо ба рушди ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардуми кишварамон мусоидат намуданд.

Дар арафаи Соли нави мелодӣ Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки ҳадафҳои муҳимтарини давлат ва Ҳукумати мамлакатро барои солҳои наздик, аз ҷумла барои соли 2020 муайян намуд.

Дар ин замина, Пешвои муаззами миллат зикр намуданд, ки тибқи конфронси генералии ЮНЕСКО 5500 –солагии Саразми бостонӣ ва 700 – солагии зодрӯзи Шайх Камоли Хуҷандӣ ботантана таҷлил мегардад ва ифтихори мо – мардуми Суғд аст, ин чорабиниҳо дар қаламрави вилоят бо иштироки меҳмони олиқадр аз тамоми гӯшаву канори ҷаҳон доир мешавад.

- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли 2019 ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд, - гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.

Воқеан ҳам соли 2019 рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 20,5 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 107,3 фоиз расонида шуд. Ҳиссаи маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят дар ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 26,6 фоизро ташкил намуд.

Дар нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки саноатчиёни вилоят ҳадафи чоруми стратегии миллӣ - саноатикунонии босуръати кишварро, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуданд, сармашқи кор қарор дода, рушди соҳаро таъмин намуданд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2019 ба 12 миллиарду 888,3 миллион сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш бо дарназардошти индекси нархҳо дар сатҳи 112,9 фоизи ҳамин даври соли сипарӣ таъмин гардид.

Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, ба истиснои шаҳри Исфара, суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот нисбати соли гузашта таъмин гардид.

Бояд қайд намуд, ки ба 12 корхонаи азиме, ки ҳаҷми маҳсулоти солонаи онҳо аз 100 миллион сомонӣ зиёд мебошад, 73,6 фоизи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят рост меояд. Бояд илова намуд, ки тадбирҳои солҳои охир дар самти ба роҳ мондани истеҳсолоти маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда самараҳои неки худро дода истодааст.

Дар натиҷа, агар се сол пеш дар рӯйхати молҳои саноатии дар вилоят истеҳсолшаванда 123 адад номгӯйи маҳсулоти саноатӣ мавҷуд бошад, соли 2019 ин рақам ба 182 номгӯй расонида шуд.

Дар соли сипаришуда дар миқёси вилоят 102 корхонаву коргоҳи нав бо 1455 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Корхонаҳо асосан дар соҳаҳои саноати кимиё, металлургӣ, масолеҳи бинокорӣ, хӯрокворӣ ва сабук таъсис дода шуда, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридот ивазкунанда мусоидат намуданд.

Бояд қайд намуд, ки бо мақсади таъмини рушди соҳаи саноат ва алалхусус соҳаҳои коркард ва саноати сабук бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ташрифи ҳайати вилоят ба Ҷумҳуриҳои Арманистон, Озарбойҷон ва Беларус босамар анҷом дода шуд, ки барои рушди ояндаи ин соҳаҳо заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар даври ҳисоботӣ кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд, ки дар натиҷа дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 8 миллиарду 91,7 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш нисбати ҳамин даври соли 2018 - ум 108,1 фоиз таъмин гардид.

Баҳри таъмини нишондиҳандаҳои дурнамои кишт барои ҳосили соли 2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 274 ҳазору 795,5 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят истеҳсоли сабзавот 494,9 ҳазор тонна, картошка 450,3 ҳазор тонна, полезӣ 127,5 ҳазор тонна, мевагиҳо 150,9 ҳазор тонна, ангур 61,7 ҳазор тонна, гӯшт 58,6 ҳазор тонна, шир 269,2 ҳазор тонна, тухм 429,9 миллион дона, пашм 1516,3 тонна ва асал 1416,5 тоннаро ташкил намудааст, ки нисбат ба соли 2018 картошка 34,4 ҳазор тонна, полезӣ 13,7 ҳазор тонна, мевагиҳо 11,6 ҳазор тонна, гӯшт 2,1 ҳазор тонна, шир 4,3 ҳазор тонна, тухм 207,2 миллион дона, пашм 1,9 тонна ва асал 34,3 тонна зиёд мебошад.

Истеҳсоли ғалладонагиҳо 331,7 ҳазор тонна, аз ҷумла гандум 125,8 ҳазор тонна ба ҳисоб гирифта шуда, нисбат ба соли сипарӣ мутаносибан 59,3 ҳазор тонна ва 18,7 ҳазор тонна афзоиш ёфтааст.

Дар мавсими ҳосилғундории соли 2019 дурнамои истеҳсоли пахта дар ҳаҷми 129 ҳазору 50 тонна пешбинӣ гардида, пахтакорони вилоят дар ин давр ба миқдори 130 ҳазору 283 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки баробари 101 фоизи дурнамои истеҳсоли пахта мебошад. Мувофиқи дурнамо, соли 2019 дар масоҳати 252 гектар бунёди боғу токзори нав пешбинӣ гардида, дар майдони 886 гектар боғу токзори нав бунёд шуд, ки аз нақшаи дурнамо 3,5 баробар зиёд мебошад.

Ҳамзамон, дар ин давра аз 448 гармхонаи мавҷуда фаъолияти 272 гармхона дар самти парвариши сабзавот ва 176 гармхона дар самти парвариши лимӯю гулҳо ба роҳ монда шудааст.

Раиси вилоят тазаккур дод, ки дар даври ҳисоботӣ барои ба мавсими киштукор омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ 5,4 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров 400 ҳазор сомонӣ, Ҷаббор Расулов 400 ҳазор сомонӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ 700 ҳазор сомонӣ, Панҷакент 700 ҳазор сомонӣ, Ашт 900 ҳазор сомонӣ, Зафаробод 1,3 миллион сомонӣ ва Мастчоҳ 1 миллион сомонӣ маблағ равона карда шуд.

Дар соли сипаришуда дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ тадбирҳо андешида, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 733,3 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуданд.

Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ин давр дар ҳаҷми 1 миллиарду 707,7 миллион сомонӣ иҷро гардид, ки мутаносибан баробари 101,5 ва 116,0 фоизи нишондиҳандаи соли 2018 мебошад.

Раҷаббой Аҳмадзода саҳми соҳибкорони вилоятро дар раванди корҳои ободониву созандагӣ хеле назаррас арзёбӣ намуд.

Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 - уми декабри соли 2017, №968 “Дар бораи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва баҳри бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ин санаи таърихӣ қарорҳои дахлдори Раиси вилоят ба тасвиб расида, дар вилоят 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармими 7071 иншооти иҷтимоию истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар соли 2019 бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармими 2471 иншоот пешбинӣ шуда, дар амал аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорону саховатмандон, инчунин бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ 2666 иншооти таъйиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки баробари 107,8 фоизи нақшаи солона аст. Соли 2019 дар заминаи иншооти навбунёд 8292 ҷои кории нав таъсис дода шуданд.

Умуман, дар солҳои 2018 ва 2019 дар вилоят аз 7071 иншооти ба нақша гирифташуда 4018 иншоот ё худ 56,8 фоизи нақшаи тасдиқгардида иҷро шуд.

Бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо нақшаи номгӯи иншоот аз нав тарҳезӣ гардида, дар нақша ҳаст, ки теъдоди умумии иншоот ба 8 ҳазор расонида шавад.

Дар доираи корҳои сохтмону ободонӣ нақшаи таъмиру тармими роҳҳо 114,9 фоиз иҷро гардида, 2490 километр роҳ аз таъмир бароварда шуд, ки аз он 196,5 километр таъмири асосӣ, 1006 километр таъмири ҷорӣ ва 1287,5 километр шағалпӯш мебошад. Барои корҳои иҷрошуда аз ҳамаи манбаъҳо110,4 миллион сомонӣ маблағ сафарбар карда шуд.

 Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар соли 2019 ба 2042,7 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд.

Аз ҷумла, содироти маҳсулот ба 471,1 миллион доллари амрикоӣ баробар шуда, дар муқоиса нисбати соли 2018 - ум 88,6 миллион доллар ё ба қадри 15,8 фоиз коҳиш ёфтааст.

Воридот ба 1571,6 миллион доллари амрикоӣ баробар шуда, нисбат ба соли қаблӣ ба маблағи 115,4 миллион доллар ё 7,9 фоиз афзудааст.

Дар вилоят 18 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гашта истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда дар доираи ин лоиҳаҳо 215 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ - сентябри соли 2019 барои татбиқи лоиҳаҳо 82,4 миллион доллар ҷалб карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 1,3 баробар зиёд мебошад.

Дар соли 2019 нақшаи даромади буҷети давлатӣ (беназардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 100,7 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 2420,2 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида (2404,3 миллион сомонӣ) 15,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давр ба буҷети маҳаллии вилоят ба ҷойи 1887,4 миллион сомонии дар нақша пешбинигардида 1924,6 миллион сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 2 фоиз ё ин ки 37,26 миллион сомонӣ зиёд аст.

Соли 2019 шаҳри Исфара (95,4 фоиз) ноҳияи Спитамен (96 фоиз) ва шаҳри Хуҷанд (94,8 фоиз) аз ӯҳдаи иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет баромада натавонистанд.

Бо сабаби сифатнок иҷро нагардидани намудҳои андоз дар як қатор шаҳру ноҳияҳо ба буҷет 129,5 миллион сомонӣ маблағ ворид нашуд.

Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Истаравшан, Хуҷанд 4 - намудӣ, Айнӣ, Гулистон, Спитамен 3 - намудӣ, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Исфара, Конибодом, Кӯҳистони Мастчоҳ, Панҷакент, Ҷаббор Расулов 2 - намудӣ, Ашт, Деваштич, Истиқлол, Мастчоҳ, Шаҳристон 1 - намудӣ мебошад.

 - Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои аз ҷониби Пешвои муаззами миллат эълон гардидани Солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” тадбирҳои судманд андешид, - зикр дошт Раиси вилоят.

Дар натиҷаи роҳандозӣ гардидани фаъолияти босамар дар ин самт шумораи ширкатҳои сайёҳӣ дар вилоят ба 40 адад расониданд.

- Маҳз, аз баракати сулҳу суботи комил, ваҳдату сарҷамъии миллат ва талошу заҳмати пайгиронаи мардуми кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳисоботӣ нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят афзуда, раванди татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ дар вилоят густариши тоза пайдо намуд ва дар ин замина рушди устувори ҳамаи соҳаҳо таъмин гардид, - гуфт дар фарҷоми суханронӣ Раҷаббой Аҳмадзода.

Раиси вилоят изҳори боварӣ кард, ки воситаҳои ахбори омма низ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани маданияту фарҳанг, забондонӣ ва завқи аҳли ҷомеаи муосир, инъикоси дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар, аз ҷумла корҳои созанда ва пешравиҳои рӯзгори мардуми вилоят минбаъд низ саҳми назарраси худро мегузоранд.

Дар нишасти матбуотии Раиси вилоят як қатор кормандони васоити ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ, аз қабили намояндаи расмии нашрияи «Ҷумҳурият» дар вилояти Суғд Ҷовиди Аштӣ, аз расонаи «Азия - плюс» Мавлуда Рофиева, нашрияи «Садои мардум» Мирзоаъзам Мақсудов, сармуҳаррири рӯзномаи «Суғд ҳақиқати» Фарҳод Ҷӯраев, намояндаҳо аз «Боҷу хироҷ» - Тоҳир Искандарзода, «Халқ овози» - Ӯрунбой Усмонов, «Тоҷикистон» - Фарзона Муродӣ, аз телевизионҳои «Сафина» - Фаррух Усмонов, «Азия» - Афзал Босолиев, «Танин» - Қудратулло Раҳматуллоев ва рӯзноманигорони дигар, аз ҷумла сармуҳаррири маҷаллаи «Паёми Суғд» Толиби Озарахш, Бобоҷон Икромов ва Дадохони Эгамзод ба Раиси вилоят саволҳо ва пешниҳодҳои худро ирсол дошта, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Мухтор АБДУЛЛОЕВ,
“Ҳақиқати Суғд”

 




 

Add comment


Security code
Refresh