Мулоқот бо номзадҳо

Дар толори мактаби санъати шаҳри Гулистон, тибқи нақша, мулоқоти номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии “Мастчоҳ”, №18 баргузор гардид.

Раиси ҳавза Абдураҳмон Сафаров зикр намуд, ки вохӯрии мазкур тибқи талабот ва муқаррароти моддаҳои 14 ва 39 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор мегардад.

Сипас, номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии “Мастчоҳ”, №18 Ғайрат Азиззода ва Ғайрат Оқилзода доир ба барномаи пешазинтихоботии худ сухан ронданд.

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён роҷеъ ба Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои 5 соли минбаъда иттилоъ дод.

Интихобкунандагон доир ба барномаи номзадҳо саволҳо дода, фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд. Чунин мулоқот дар толори корхонаи муштараки “Апрелевка” дар шаҳраки Консой низ баргузор гардид.

Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh