Раҷаббой Аҳмадзода: Бо ваҳдату ҳамбастагӣ метавон, коррупсияро решакан намуд…

Санаи 7 – уми феврали соли равон дар маҷлисгоҳи Меҳмонхонаи «Суғдиён» - и маркази вилоят ҷаласаи кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 - уми январи соли 2013, №1504 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2013 - 2020” доир гардид, ки дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо ва муовинони онҳо, аъзои комиссияи вилоятӣ оид ба пешгирии коррупсия ширкат доштанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷаласа суханронӣ намуда, ҳолати иҷрои фармони зикргардидаи Сарвари давлатро дар вилоят мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дод.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид дошт, ки дар Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвияти мубориза бар зидди коррупсия ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа чун яке аз вазифаҳои муҳими марҳалаи кунунӣ арзёбӣ гардид. Пешвои миллат барҳақ таъкид намуданд: «Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад».

Воқеан, таҷрибаи бисёр давлатҳо нишон медиҳанд, ки пешгирӣ накардани коррупсия ҷомеаро зери хатари ҷиддӣ мегузорад. Бар асари коррупсия ҷараёни азнавсозии сиёсию иқтисодӣ халалдор мешавад ва рушди иҷтимоӣ душвор мегардад.

Бояд хотиррасон шуд, ки Тоҷикистон яке аз аввалинҳост, ки дар фазои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ қонунгузории зидди коррупсияро қабул намуда, ба Конвенсияи (Муоҳидаи) байналхалқӣ фаъолияташро пайваст.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки дар асоси “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020” ва Нақшаи чорабиниҳои он, ки 89 бандро дарбар мегирад, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ масъули иҷрои 27 банд муқаррар шуда, аз ин теъдод то соли 2019 таъмини иҷрои 11 банд пурра иҷро гардидааст. Барои солҳои 2019-2020 бошад, таъмини иҷрои 16 банд бояд мавриди корбарӣ қарор мегирифт.

Бояд таъкид дошт, ки моҳи октябри соли 2018 аз ҷониби гурӯҳи кории Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти таъмини иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент ва ноҳияи Ҷаббор Расулов мавриди таҳлил қарор гирифта буд. Таҳлил собит намуда буд, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз 27 банди нақшаи чорабинӣ 10 банд иҷро, 13 банд беиҷро ва 4 банд қисман иҷро шудааст. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз 27 банди нақшаи чорабинӣ 13 банд иҷро, 9 банд беиҷро ва 5 банд қисман иҷро шудааст. Дар шаҳри Панҷакент бошад, аз 27 банди нақшаи чорабинӣ ягон банд иҷро нагардидааст.

Таҳлили вазъи иҷрои бандҳои Стратегия дар соли 2019 ва моҳи январи соли 2020 аз он шаҳодат медиҳад, ки аз 16 банде, ки муҳлати иҷрояшон то имрӯз муайян гардидааст, фаъолият дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истиқлол, Ашт, Мастчоҳ, Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулов ғайриқаноатбахш арзёбӣ мегардад.

Давоми ҳафтаи сипаришуда аз ҷониби кормандони масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолияти шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Истиқлол, Конибодом, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Бобоҷон Ғафуров дар самти таъмини иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 мавриди санҷиш қарор гирифт.

Санҷишҳо собит намуданд, ки фаъолияти шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулов дар ин самт ғайриқаноатбахш ба роҳ монда шудааст. Зеро аз 16 банди нақшаи чорабиниҳое, ки дар соли 2019 бояд мавриди иҷро қарор мегирифтанд, нисбат ба иҷрои ягон банд корбарӣ ба роҳ монда нашудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода бобати иҷрои саривақтии бандҳои Стратегия дастур дода, масъулин, аз ҷумла раисони шаҳру ноҳияҳо ва Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро вазифадор намуд, ки камбудиву норасоиҳои мавҷударо фавран бартараф намуда, нисбат ба шахсони масъуле, ки дар самти таъмини иҷрои Стратегия ба саҳлангорӣ роҳ додаанд, чораҳои интизомиро татбиқ намоянд.

Таҳлили вазъи содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионидошта дар шаҳру ноҳияҳои вилоят собит намуд, ки дар соли 2019 дар миқёси вилоят 505 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Теъдоди ҷиноятҳои содиргардида дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд 124 ҷиноят, Панҷакент 74, Бобоҷон Ғафуров 54, Ҷаббор Расулов 45, Ашт 29, Истаравшан 27, Спитамен 21 ва Деваштич 20 ҷиноятро дарбар мегирад.

Маълумоти оморӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки дар ҳудуди вилояти Суғд дар даври ҳисоботӣ ҷиноятҳои коррупсионӣ байни кормандони соҳаи тандурустӣ, Вазорати маориф, сохторҳои бонкӣ, кумитаи идораи замин ва сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гаштааст.

Аз ин ҳолат Раиси вилоят изҳори нигаронӣ намуда, таъкид дошт, ки муборизаи шадид бо коррупсия на фақат барои солимгардонии муҳити ҷомеа хизмат мекунад, балки ба афзоиши обрӯю эътибори байналхалқии давлат мусоидат хоҳад намуд.

Дар ҷаласа сардори Раёсати Агентии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Иброҳимзода Карим Иброҳим, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Панҷакент Ислом Шафеиён, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ, раиси шаҳри Истиқлол Худойназар Асозода, сардори Раёсати тандурустии вилоят Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ва дигарон суханронӣ намуда, роҷеъ ба иҷрои бандҳои Стратегия, омилҳо ва сабабҳои содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо мақомоти давлатӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва дигар масъалаҳо ибрози назар намуда, таклифу пешниҳодоти хешро ироа доштанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар фарҷоми ҷаласа дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта, баҳри ислоҳи камбудиҳо онҳоро муваззаф намуд ва даъват ба амал овард, ки “дар самти муқовимат ба ҷиноятҳои коррупсионӣ ошкоро оид ба камбудиву норасоиҳо сухан ронда, роҳҳои нави муборизаро ба ин падидаи номатлуб амалӣ намоем, зеро танҳо бо ваҳдату ҳамбастагӣ метавон, коррупсияро барҳам дод”.

Мухтори Абдулло,
“Ҳақиқати Суғд”

 

Add comment


Security code
Refresh