Вусъати корҳои ободонӣ – башорати ҳамдилӣ

Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Ҷаббор Расулов

Раиси вилояти Сугд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ҷаббор Расулов сафари корӣ намуда, бо раванди корҳои созандагӣ аз наздик шинос шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи мазкур корҳои созандагиву ободонӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати тоза мегирад. Бобати бунёди боғҳои нав, беҳтар намудани таъминоти оби полезӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ дар ноҳия тадбирҳои судманд роҳандозӣ мегарданд.  

Раиси вилоят зимни сафари корӣ ба роҳбарияти ноҳия, ҳамзамон бобати эътибори зарурӣ додан ба рушди соҳаи кишоварзӣ, ки ноҳия дар ин самт  потенсиали хуб дорад, дастуру супоришҳо дод.

Воқеан ҳам деҳқонони ноҳия ҳамасола маҳсулоти хушсифат истеҳсол намуда, дар таъмини бозори истеъмолӣ саҳми амиқ мегузоранд.  Самараноку оқилона истифодабарии замин дар ноҳия  хуб эҳсос мегардад. Чунончӣ, хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия кӯшиш менамоянд, аз як замин ду – се бор ҳосил гирифта, дар байни қаторҳои боғот пахта кишт намоянд, ки таҷрибаи хубест. Дар ин замина дар ноҳия ба бунёди боғҳо эътибори зарурӣ дода мешавад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ аз ноҳия ба бунёди боғоти нави гелос ҳусни огоз бахшид. Тавре иттилоъ доданд, ниҳоли гелос аз вилояти Самарқанд харидорӣ ва бо усусли замонавӣ шинонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тули солҳои охир дар вилоят зимни Барномаи давлатии рушди боғу токпарварӣ бунёди боғу токзорҳои нав ба таври хоса ба роҳ монда шудааст. Тибқи нақша соли 2020 майдони боғоти нав дар вилоят ба 2 ҳазор гектар расонида хоҳад шуд. 

Раиси вилоят дар сӯҳбат бо кишоварзон таъкид дошт, ки  аз буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати таъмини заминҳои кишт бо оби полезӣ ба якчанд шаҳру ноҳияҳои вилоят 3,5 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд, ки ин тадбир имкон медиҳад, пойгоҳҳои обкашӣ ба пурагӣ таъмир ва ба мавсими обрасонӣ  омода гарданд.   

Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ҳамзамон, дар ҳашари ниҳолшинонии сокинони ноҳия иштирок намуда, таъкид кард, ки бояд дар шафати роҳҳо низ ниҳол ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шавад. Дар ҳашар ҳамчунин, кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия  низ фаъолона иштирок намуданд. Дар маҷмӯъ, беш аз 500 бех ниҳол шинонида шуд.  

Рушди соҳаи саноат ва коркарди пурраи ашёи хом яке аз заминаҳои асосӣ дар самти рушди иқтисоди миллист.  Дар ин самт корхонаи «Органик Янг» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷиҳати коркарди нахи пахта нақши муҳим дорад. Раиси вилоят ҳангоми шиносоӣ ба фаъолияти ин корхонаи саноатӣ таъкид кард, ки бояд доираи фаъолият ва коркарди маҳсулот васеъ карда шавад.

Тибқи иттилои масъулин дар корхонаи мазкур коркарди 3000 тонна пахта ба нақша гирифта шудааст. Раиси вилоят дастур дод, ки ба коркарди пахта эътибори зарурӣ дода шавад ва он ба 5000 тонна расонида хоҳад шуд.  Бояд гуфт, ки маҳсулоти корхона асосан содиротӣ буда, алҳол дар он 165 нафар сокинони маҳаллӣ машгули меҳнати пурсамар мебошанд.  

Дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов корҳои ободониву созандагӣ таквият меёбанд.  Раиси вилоят ҳини сафари корӣ аз лоиҳаи сохтмони бинои бахши ноҳиявии ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Боғи фархангӣ - фарогатӣ дар шаҳраки Меҳрободи ноҳия шинос гардида, таъкид кард, ки бояд корҳои пудратӣ бо сифати баланд ва тарҳу намои зебо ба анҷом расонида шаванд.  Бояд гуфт, ки Боғи фарҳангӣ - фароғатӣ дар масоҳати 6 гектар бунёд ёфта, тибқи нақша аз фаввораҳои зебо, майдонча барои бозии кӯдакон, нишастгоҳҳои замонавӣ, амфитеатр   ва ғайра иборат хоҳад буд.  

Ҳамзамон, Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ аз лоиҳа ва ҷараёни сохтмони бинои шуъбаи маориф дар Ҷамоати шаҳраки Меҳробод шинос гардид.  Бинои мазкур аз 3 ошёна иборат буда, лоихаи он аз ҷониби мутахассисони КВД «Лоиҳакаш»   таҳия гардидааст. Раиси вилоят  ба роҳбарияти ноҳия, масъулини шуъбаи маориф ва бинокорон дастур дод, то биноро бо тарҳу намуди зебо ва дар асоси талаботи замони муосир бунёд намоянд.

Дар доираи сафари корӣ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо пуштибонӣ аз сиёсати инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд собиқадорони меҳнат, оилаҳои камбизоат ва беморонро аёдат намуд. Аёдатшудагон Маҳмадкарим Давронови 96 – сола,  Саломат Узоқова, Музаффар ва Абдураҳмон Рашидовҳо барои дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи ҳамешагӣ ба роҳбарияти мамлакат ва вилоят изҳори сипос намуданд.

- Қишри ниёзманди ҷомеа ҳеҷ гоҳ аз мадди назари роҳбарияти  давлату ҳукумати мамлакат дур нахоҳанд монд ва онҳо бевосита зери ғамхории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, - таъкид намуд Раиси вилоят.

Хабарнигори

«Ҳақиқати Суғд» 

 

Add comment


Security code
Refresh