Хуҷанд: Суръатбахшӣ ба бунёди қароргоҳи нақлиётии муосир барои 2000 адад худрав

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади огоҳӣ аз раванди сохтмони қароргоҳи муосири нақлиётӣ барои 2000 адад автомашина, ки дар мавзеъи бозори марказии «Панҷшанбе»-и шаҳр бунёд мегардад, боздид намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки чанд сол муқаддам боназардошти тамбашавии нақлиёт дар ҳудуди мавзеъи бозори марказии «Панҷшанбе»-и шаҳр бунёди иншооти муосири қароргоҳи муосири нақлиётии бисёрқабата дар паҳлуи маҷмааи таърихию фарҳангии Шайх Маслиҳатдин пешбинӣ шуда буд. Бинобар бо таъхир омода намудани инфрасохтори сохтмони иншоот ба оғози корҳо тӯл кашида шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо лоиҳаҳо ба фармоишгар ва пудратчии қароргоҳи нақлиётии муосир дастур дод, ки лоиҳаи он бознигарӣ карда шавад ва дар ин мавзеъ дар кӯтоҳтарин фурсат бо истифода аз технологияи муосир сохтмони бисёрқабатаи қароргоҳи муосири нақлиётӣ оғоз гардад.

Ҳамзамон дар ин мавзеъ бунёди биноҳои баландошёна бо тарҳи муосир мувофиқи мақсад дониста шуд. Ба лоиҳакашон як моҳ муҳлат ҷиҳати анҷоми тарҳи охирини иншооти қароргоҳи муосири нақлиётӣ барои 2000 адад худрав дода шуд.

Add comment


Security code
Refresh