Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати соҳибкорони Федератсияи Россия

Ҳамкории соҳибкорони Федератсияи Россия бо соҳибкорони вилояти Суғд бо таъсиси корхонаҳои муштарак ва сармоягузорӣ оид ба истеҳсолу содироти молу маҳсулот тақвият меёбад.

Ин нукта дар мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо соҳибкорони Федератсияи Россия, ки бо роҳбарии Рудяк Эрнес - муассиси ширкати “Медовед” ба вилояти Суғд ташриф овардаанд, зикр карда шуд.

Дар оғози сӯҳбат роҳбари вилоят меҳмононро ба сарзамини Суғди бостон хайрамақдам гуфта, аз нишондиҳандаҳои иқтисодии вилоят, зарфиятҳо ва рушди соҳибкорӣ, сармоягузорӣ, имконоти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус мева ва сабзавот, асал ва дигар иқтидорҳои истеҳсолӣ маълумоти муфассал дод. Гуфта шуд, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 дар вилояти Суғд маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 20,5 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 107,3 фоиз расонида шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати таваҷҷӯҳи доимӣ ба рушди соҳаи кишоварзӣ маълумот дода, зикр кард ки дар натичаи андешидани тадбирхои судманд дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ин давра ба маблағи 8 миллиарду 91,7 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст. Дар ин давра ҳудуди як миллион тонна меваву сабзавот ва зиёда аз 2 ҳазор тонна асал истеҳсол шудааст. Дар вилоят ба рушди соҳаи занбӯрпарварӣ таваҷҷӯҳ равона шуда, имконоти мавҷуда самарнок истифода мегардад. Баҳри иҷрои супоришҳои Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бунёди корхонаи коркарди асал ва бандубасти он, содироти асал ба кишварҳои хориҷ дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд як корхонаи нав бунёд ва бо беҳтарин ва навтарин таҷҳизот муҷаҳҳаз мебошад.

Роҳбари вилоят таваҷҷӯҳи меҳмононро ба коркарди меваву сабзавот, аз ҷумла хушккунии сабзӣ, пиёз, лимӯ ва дигар сабзавот, ки имрӯз дар вилоят роҳандозӣ шудааст, ҷалб намуд. Соҳибкорони Федератсияи Россия, аз ҷумла Рудяк Эрнес, муассиси ширкати “Медовед” аз пазироӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос намуда, барои бунёди корхонаи муштарак дар самти коркарди асал ва бандубасти он, содироти асал ба кишварҳои Аврупо, ҳамкорӣ дар бахшҳои алоҳида омодагии худро изҳор доштанд.

Хотиррасон мешавем, ки қаблан бо даъвати Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд соҳибкорони Федератсияи Россия ба вилояти Суғд ташриф оварда буданд ва аз имконоту шароити истеҳсоли асал, намудҳои асал ва бо фаъолияти асалпарварон аз наздик шинос гардида буданд. Бо ёдоварӣ аз сафари қаблӣ соҳибкорон изҳор доштанд, ки асали Тоҷикистон бо таъм ва тозагӣ аз лиҳози экологӣ беназир аст. Аз ин хотир соҳибкорон мехоҳанд, ки дар ин самт ҳамкориро ба роҳ монанд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода пешниҳод намуд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони Суғд дар вилоят як корхонаи коркарди асал ва бандубасти он аз ҷониби соҳибкорони Федератсияи Россия бунёд карда шавад.

Зимни сӯҳбат маълумот дода шуд, ки дар сурати амалӣ гардидани нақшаҳо дар як моҳ бештар аз 200 тонна асал ба кишварҳои хориҷ содирот карда хоҳад шуд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун таваҷҷӯҳ намуда, омодагии худро дар самт изҳор доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh