Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Зафаробод

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод нахуст аз пойгоҳи обкашии “Мирзочӯл – 1” дидан намуд.

Бояд гуфт, ки пойгоҳи мазкур аз зумраи бузургтарин пойгоҳ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ин иншооти пуриқтидор солҳои 60 - уми асри гузашта бунёд гардида, он аз 6 муҳаррик иборат мебошад. Тавоноии пойгоҳи обкашии «Мирзочӯл – 1» 8000 киловат соат мебошад.

Ҷиҳати бемушкилӣ таъмин намудани заминҳои ноҳияи Зафаробод бо оби полезӣ ҳамасола бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят агрегатҳои ин пойгоҳ аз таъмири хушсифат бароварда мешавад. Зимни шиносоӣ аз ҷараёни корҳои таъмирӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки соли ҷорӣ низ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ мабалағ ҷудо карда шуд, ки он барои фаъолияти босамари пойгоҳҳои обкашӣ дар давраи нави обрасонӣ кӯмак хоҳад намуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дарозии қубурҳои оббарор 2000 метр ва қутри онҳо 2200 мм мебошад. Раиси вилоят ба роҳбарият ва масъулини Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ дастур дод то бо истифода аз фурсат ҳамаи агрегатҳои пойгоҳи обкаширо таъмир намуда, ҷиҳати пардохти саривақтии маоши кормандон тадбирҳои мушаххас андешанд. Таъкид карда шуд, ки ноҳияи Зафаробод аз зумраи навоҳии кишоварзӣ дар кишвар маҳсуб ёфта, ҳамасола деҳқонони ноҳия бо ба даст овардани ҳосили фаровон ҷиҳати расидан ба яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат - таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас мегузоранд. Аз ҷумла, соли ҷорӣ деҳқонони ин ноҳияи заркор дар назди худ мақсад гузоштаанд, ки то 40 ҳазор тонна пахта истеҳсол намоянд.

ҶДММ «Шири Зафаробод», ки дар назди ҶСП «Шири Душанбе» ташкил шуда истодааст, нахустин корхона дар самти коркарди шир ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ дар ноҳия мебошад. Корхонаи мазкур бо саҳми соҳибкори ватанӣ Наврӯз Комилов бунёд гардидааст. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми шиносоӣ аз корхонаи истеҳсолӣ аз ташаббуси сохибкор изҳори қаноатмандӣ намуда, баён дошт, ки бо ин васила мо метавонем маҳсулоти воридотивазкунандаро истехсол карда, сокинони маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намоем.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҳадафҳои олиро - саноатикунонии босуръати кишвар эълон намуданд. Таҳлилҳо собит намуд, ки воқеан соҳибкорон иқдоми саривақтии Сарвари давлатро ҷонибдорӣ намуда, бо таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ саҳми худро барои расидан ба ин ҳадафи стратегӣ мегузоранд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ҶДММ «Шири Зафаробод» иқтидор дорад, дар як шабонарӯз беш аз 10 тонна ширро коркард намояд. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин корхона наздик 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд. Дастгоҳу таҷҳизоти ин корхона истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи олам мебошад ва барои хушсифату безарар истеҳсол намудани маҳсулот ташхисгоҳи махсус низ мавҷуд аст. Соҳибкорон нақша доранд, дар оянда сехи истеҳсоли панирро низ ташкил намоянд.

Корхонаи мурғпарварии ҶДММ «Зарнисор» аз зумраи бузургтарин корхона дар самти истеҳсоли гӯшти мурғ мебошад. Зимни шиносоӣ ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар ин ҷо 40 ҳазор мурғ ва 27 ҳазор моҳӣ парвариш карда мешавад. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат дар асоси сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат ва дастгириҳои давлатӣ соҳаи паррандапарварию моҳипарварӣ дар кишвар рушд намуд, ки ин тадбири судманд имкон дод маҳсулоти хушсифати воридотивазкунанда истеҳсол карда шавад. Соҳибкорони ватанӣ бо таъсиси ин корхона 3 намуд маҳсулоти гӯшти мурғро истеҳсол намуда истодаанд, ки бо бандусти зебо пешниходи харидорон карда мешавад.

Воқеан имрӯз талабот ба гӯшти мурғ ва моҳӣ бештар мебошад ва соҳибкорон имкон доранд пурра талаботи бозори истеъмолиро бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намоянд. Айни замон дар ҶДММ «Зарнисор» 21 анфар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъминанд.

Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Садридди Айнӣ, ки дар гузашта як макони нообод буд, маҳз бо дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурра таҷдиду навсозӣ шуд. Имрӯз ин мавзеъ ба як макони дӯстдошта ва сайри сокинони ноҳияи Зафаробод табдил ёфтааст.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ аз раванди корҳои созандагӣ дар ноҳия дар суҳбат бо собиқадорони ноҳия таъкид кард, ки ин ҳама пешравию ободонӣ маҳз аз заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат рӯи даст гирифта шудааст ва минбаъд ноҳияи Зафаробод боз ҳам бештар рушд хоҳад кард. Пирони кор бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комили мамлакат таъкид намуданд, ки мо сокинон низ ҷонибдори сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат буда, ҳамеша баҳри ободии Ватани маҳбубамон кӯшиш ба харҷ медиҳем.

Дар ҳамин рӯз дар Боғи фарҳангию фарогатии ба номи устод Садридди Айнӣ Раиси вилоят ниҳолҳои гуногуни ороишӣ шинонида, масъулинро барои нигоҳубини хуби он муваззаф намуд. Маврид ба зикр аст, ки дар ин мавзеъ беш аз 10 намуди ниҳоли ороишӣ мавҷуд мебошанд, ки ҳамаи он ба симои боғ ҳусни хоса зам менамоянд.

Ҳамчунин, бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Фарҳод Раҳматов дар шаҳраки Зафарободи ноҳия маркази хизматрасонӣ қомат афрохтааст, ки он аз 3 ошёна иборат мебошад. Раиси вилоят зимни шиносоӣ аз ҷараёни сохтмони ин бино таъкид кард, ки воқеан саҳми соҳибкорон барои ободии кишвар хеле чашмрас мебошад. Тавре иттилоъ дода шуд, лоиҳаи бино аз ҷониби КВД «Лоиҳакаш» - и ноҳияи Зафаробод таҳия гардидааст ва иншоот дар масоҳати 320 метри мураббаъ соҳта хоҳад шуд. Тибқи накша дар ин бино маркази тиҷоратӣ ва меҳмонхона ташкил карда мешавад. Дар сурати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншоот 15 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.

Хоҷагии ниҳолпарварии ноҳияи Зафаробод дорои 140 гектар замин мебошад, ки дар он иҷоракорон ниҳолҳои гуногуни ороишиву мевадиҳандаро парвариш намуда истодаанд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти ниҳолпарвари иҷоракор Аюб Каримов шинос гардида, таъкид кард, ки бояд ниҳолони ороишӣ ҳарчи бештар парвариш карда шаванд. Айни замон замини дар ихтиёрдоштаи ин деҳқон 8 гектарро дарбар мегирад ва дар ин масоҳат 100 ҳазор бех моҷевелник, 1000 - бех сосна, 1000 - бех олуча ва 7000 - бех чормағз парвариш карда мешавад. Таъкид карда шуд, ки бояд ҳар як ваҷаб замини ниҳолхонаи мазкур босамар истифода бурда шавад. Зеро аз ин масоҳати васеи ниҳолхонаи ноҳия дар баробари ниҳолҳои гуногуни ороишию мевадиҳанда, ҳамзамон маҳсулоти дигари соҳаи кишоварзиро ба даст овардан мумкин аст.

Худи ҳамон рӯз Раиси вилоят чанде аз собиқадорони ноҳияро аёдат намуда, ба онҳо аз номи Сарвари давлат тӯҳфаҳо тақдим кард. Масалан Ҳабибназар Холиқназаров мавриди таваҷҷуҳи Раиси вилоят карор гирифт. Тавре зикр карда шуд номбурда 79 сол дошта, давоми солиёни зиёд дар соҳаи маориф кор кардааст ва барои тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузоштааст. Бояд гуфт, ки Ҳабибназар Холиқназаров соҳиби 2 фарзанд буда, имрӯз ҳамроҳи аҳли пайвандон ва хешу таборон зиндагии хуш дорад.

Хадамоти матбуоти 
Раиси вилояти Суғд
















Add comment


Security code
Refresh