БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ ВА АФЗАЛИЯТИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОИЁТ

– Воридоти буҷети вилоят аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ дар соли 2019 – ум беш аз 250 миллион сомонӣ ё 128 фоизи нақшаро ташкил намуд, ки нисбат ба нақша 55,2 миллион сомонӣ ва нисбат ба воридоти амалии соли 2018 – ум 66,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад, – иброз дошт дар нишасти матбуотӣ сардори Сарраёсати молия дар вилоят Анвар Мирзозода.

Хароҷоти буҷети вилоят дар соли 2019, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019”, ҳамагӣ дар ин давр, тибқи ҳисоботи пешакӣ, ба иқтисодиёти вилоят 1889,2 миллион сомонӣ равона гардид ва ин 96,6 фоизи нақшаро дарбар мегирад.

Ҳамчунин, Анвар Мирзозода қайд намуд, ки дар маблағгузориҳои буҷети маҳаллӣ дар даври ҳисоботӣ низ чун ҳарвақта афзалият ба хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ – маориф, нигаҳдории тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳангу варзиш нигаронида, дар маҷмӯъ ба соҳоти зикршуда дар соли 2019 – ум 1483,5 миллион сомонӣ равона гардид, ки ба 78,5 фоизи ҷамъи хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ баробар аст. Давоми моҳҳои январ – декабри соли 2019 дар натиҷаи санҷишҳо, ки кормандони шуъбаи аудити дохилӣ ва назорати Сарраёсати молия ва мутахассисони аудити дохилии Раёсати молия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 474 ташкилоту муассиса гузарониданд, ба маблағи умумии 6331,6 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид.

Аз он хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 1707, 5 ҳазор сомонӣ камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 2873,3 ҳазор сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 22,5 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 675,8 ҳазор сомонӣ талафи воситаҳои пулию молӣ мебошанд.

Шарифҷон Аҳмадов – сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят дар бобати фаъолияти Раёсат маълумот дода, афзуд, ки дар даври ҳисоботӣ сармоягузориҳои хориҷию ватанӣ ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 379001,2 ҳазор доллари амрикоӣ ҷалб карда шудааст.

Дар миқёси вилоят ба иҷора супурдани амволи давлатӣ аз ҷониби Раёсат ва бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳру ноҳияҳо тибқи қонунҳои марбутаи соҳа ба роҳ монда шудааст. Дар қаламрави вилоят ҳамагӣ 982 шартномаи иҷора бо шахсони воқеию ҳуқуқӣ баста шуда, аз ин ҳисоб ба буҷети давлатӣ 3683841,29 сомонӣ маблағ ворид гардид.

– Санаи 26 сентябр дар шаҳри Хуҷанд намояндагии МД “Фонди дастгирии соҳибкорӣ” – и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти расмӣ оғоз намуд, – иттилоъ дод сардори Раёсати мазкур Ш.Аҳмадов.

Ҳамчунин, дар кори нишаст сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят Ҳакимзода Ҳаким Карим ва сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин иштирок намуда, ба суолҳои намояндагони васоити ахбори омма посух гуфтанд.

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh