МУТОБИҚАТИ СИФАТ ДАР МЕҲВАРИ ФАЪОЛИЯТ

Давоми соли 2019 кормандони Марказ ва марказҳои ташхиси минтақавӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар умум 3132 санҷиши корӣ гузарониданд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилоят Муҳаммадӣ Давлатов.

Ҳамзамон, ӯ афзуд, ки дар ин давр 3359 ҳолати камбудиву қонунвайронкунӣ ошкор гардид, ки бо қарорҳои Марказ 1659 парвандаи маъмурӣ оғоз карда, нисбат ба қонунвайронкунандагон қарор дар бораи таъин намудани ҷазои маъмурӣ бароварда, ба маблағи 302850 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудааст.

Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 1700 маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз рӯи тобеият барои баррасӣ ба Маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд ва марказҳои ташхиси минтақавӣ ворид шуд ва нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдори таъмини ҷазои маъмурӣ бароварда, ба маблағи 274175 сомонӣ ҷарима таъин гардид. Маблағи умумии ҷаримаҳо 577025 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018 – ум 148625 сомонӣ зиёд аст.

 Сардори Марказ ҳамчунин изҳор намуд, ки дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат вобаста ба пешгирии воридшавии маҳсулоти пастсифат ва ба саломатии инсон хатарнок, маҳсулотҳое, ки муҳлати истеъмолашон гузашта ва бе сертификат аз ҷониби мутахассисони Маркази “Тоҷикстандарт” ва марказҳои ташхиси минтақавӣ дар соли 2019 ба миқдори 126317 килограмм маводҳои гуногуни хӯрока, маҳсулотҳои гӯштӣ, қаннодӣ ва сохтмонӣ, ба миқдори 287960 литр равғани растанӣ, машруботи спиртӣ, нӯшокиҳои ташнашикан ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум ба маблағи умумии 5523875 сомонӣ ошкор карда шуд, ки нисбат ба соли 2018 - ум 4530874 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки дар давоми соли 2019 аз ҷониби мутахассисони шуъбаи баҳодиҳии мутобиқати Маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани корҳои сертификатсиякунонӣ ба миқдори 18 000 килограмм, ба маблағи 360000 сомонӣ чойи сиёҳи ғайристандартӣ (истеҳсоли Ҳиндустон), ба миқдори 60 тонна равғани пахта ба 407261 сомонӣ ва ба 67 тонна бензини навъи АИ 89 ба маблағи 325002 сомонӣ (истеҳсоли Ӯзбекистон) барои ба талаботи стандарт ва регламенти техникӣ мутобиқ набудан ғайристандартӣ дониста, дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва тибқи низоми гумрукии «Руэкспорт» аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун бароварда шуд.

Ҳамзамон, дар нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти шуъбаҳои Марказ фикру андешаҳо иброз гардид. Дар охир рӯзноманигорон ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh