Сифати хизматрасонӣ беҳтар мегардад

Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» дар соли 2019 фаъолияти хешро бо натиҷаи назаррас ҷамъбаст намуд. Шумораи кормандони ҷамъият 856 нафар аст, ки аз он 183 нафар зан мебошанд. Ин нуктаҳоро дар нишасти матбуотӣ Давлатшо Шобутолибов - муовини директори генералии “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” иброз дошт.

Дар рафти нишаст рӯзноманигорон оид ба сабабҳои ба таъхир гузошта шудани парвози ҳавопаймо, ҳамкорӣ бо ширкатҳо ва фаъолияти хатсайр, корҳои ободонӣ, назорати мутахассисони тиб оид ба бемориҳои сироятӣ суолҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Зикр гардид, ки парвоз дар фурудгоҳ аз ҷониби 8 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла 5 ширкати мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ба монанди “Сабир”, “Ютэйр”, “Уральские авиалинии” ва “Боди шимолӣ” (Северний ветер), як ширкати ҳавопаймоии “Чайна Саузерн” - и Ҷумҳурии Халқии Чин ва ду ширкати ҳавопаймоии ватании “Сомон Эйр” ва ҶСК “Тоҷик Эйр” ба амал бароварда шудаанд. Тибқи реҷа, имрӯз ҳавопаймоҳо аз “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” ба 13 шаҳри Федератсияи Россия парвоз намуда истодаанд. Миқдори умумии хатсайри доимии ширкатҳои ҳавопаймоии мазкур дар як рӯз 6 маротиба буда, “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” дар соли 2019 - ум ба 663 435 мусофир хизматрасонӣ намудааст, ки нисбат ба соли 2018 - ум 123 203 нафар, яъне 22, 8 фоиз зиёд аст.

Ҳодисаи ба таъхир гузошта шудани парвози ҳавопаймо 636 адад буда, омилҳои онро масъулин аз обу ҳаво, маҳдудият, вайроншавии техникии ҳавопаймо, дер омадан аз фурудгоҳи макони парвоз, бақайдгирии иловагӣ ва супориши намоянда, тағйирёбии парвозҳо буда, нисбат ба соли 2017 - ум 77 адад кам ба назар мерасад. Кормандон ва масъулини “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷад” баҳри беосеб ба манзил расонидани сокинон ҳамеша саъю талош доранд.

 Қайд кардан бамаврид аст, ки дар доираи эълон гардидани Солҳои 2019 - 2021 - “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар саҳни “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” як қатор корҳои ободонӣ амалӣ гардида, нишасткурсиҳои замонавӣ, фаввораву чароғакҳои ороишӣ насб шудааст. Сохтмони бинои нави Аэровокзал бо иқтидори мусофиргузаронии тақрибан 500 нафар дар як соат таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии бинои меҳмонхона ва сохтмони бинои ошхона ва тарабхона амалӣ шуда истодааст.

Н. Шарифов - мудири дармонгоҳи ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» иттилоъ дод, ки мутахассисони соҳаи тиб мусофирони аз хориҷа омадаро аз муоинаи тиббӣ гузаронида истодаанд. Маълум гардид, ки як нафар аз Ҷумҳурии Халқии Чин тавассути Федератсияи Россия ба марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гашта, мусофирони аз давлати Чин дохилгардида дар чораҷӯиҳои маъмурӣ ва тиббию беҳдоштӣ барои пешгирии паҳншавии касалиҳои сироятӣ таҳти назорати мутахассисони соҳаи тиб дар Беморхонаи сироятии вилояти Суғд ва беморхонаи шаҳри Бӯстон қарор доранд. Ҳамаи мусофирон аз назорати мутахассисони тиб бо ёрии таҷҳизоти тиббии ташхискунанда - тепловизор аз муоина мегузаранд, – иброз дошт мавсуф.

Рӯзноманигорон аз боғи ороишӣ ва гармхона барои парвариши гулҳои ороишию помидор дидан намуданд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

 “Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh