Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолити ҶСК “Қолинҳои Қайроққум”

Санаи 17-уми феврал дар доираи боздиди кории худ ба шаҳри Гулистон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нахуст бо фаъолияти ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” шинос гардид.

Бояд зикр намуд, ки маҳсулоти корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» давоми 60 сол мешавад, ки бо сифат, зебоӣ, услуб, рангубор ва нақшу нигоре, ки инъикосгари анъанаҳои халқҳои Шарқ мебошад, дар бозори дохилӣ ва ҷаҳонӣ талабгорони зиёд дорад. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат маҳз, бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо технологияи пешрафтаи ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд ва иқтидори истеҳсолӣ низ зиёд гардид.

Тавре ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, соли 2019 дар ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” 2 миллиону 737 ҳазор метри мураббаъ маҳсулот истеҳсол карда шуд. Айни замон бошад, беш аз 500 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ, маоши хуб ва шароити мусоиди фаъолият таъмин мебошанд. Масалан, барои кормандон дар ошхонаи зебову барҳаво як вақт хӯроки гарм дода мешавад.

ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” бузургтарин корхонаи истеҳсолӣ дар шаҳри Гулистон мебошад, ки саҳми он дар рушди иқтисод басо назаррас аст. Масъулини ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” дар баробари таъмини бозори дохилӣ, ҳамзамон қолинҳои бо шаклу намои зебо ва сифати олиро ба хориҷи мамлакат низ содирот менамоянд. Соли ҷорӣ онҳо тасмим гирифтанд, ки дар ҷараёни истеҳсолот бештар аз калобаҳои пашмин истифода намоянд, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар як қолин то 40 дарсад рост меояд.

Бояд зикр намуд, ки маҳз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 28-уми июни соли 2018 сехи истеҳсоли ришта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

Тамоми ашёи хоми барои истеҳсоли қолин зарурӣ ба корхонаи “Қолинҳои Қайроққум” то ин замон аз хориҷи кишвар, аз ҷумла Туркия, Эрон ва Бангладеш ворид карда мешуд. Баробари фаъол гардидани сехи мазкур истеҳсоли 60 фоизи ашёи хом дар худи ин корхона ба роҳ монда шуд, ки ин яке аз дастовардҳои арзанда дар ин соҳа дониста мешавад.

Дар ин сех асосан риштаҳои полипропилении пати қолин истеҳсол карда мешавад. Таҷҳизоти ин сех аз Белгия, Олмон ва Фаронса харидорӣ шудаанд. Хатти нави технологӣ дар корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» аз қисматҳои истеҳсоли ришта, бофандагӣ ва пардоздиҳӣ иборат мебошад.

Раиси вилоят ба фаъолияти корхона баҳои баланд дода, таъкид кард, ки ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва расидан ба яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат - саноатикунонии босуръати кишвар заминаҳои мусоид фароҳам мебошад. Татбиқи ин ҳадафи стратегӣ барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот, рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини сокинон бо ҷойи кори доимӣ мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh