Боздиди Раиси вилоят аз раванди корҳои сохтмонӣ ва амалишавии лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум”

Дар идомаи боздиди кории худ аз шаҳри Гулистон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз раванди корҳои сохтмонӣ ва амалишавии лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” аз наздик шинос шуд.

Тавре иттилоъ доданд, айни замон дар ин неругоҳ сохтмони шаҳраки сохтмончиён, таҷдиди кранҳои борбардор ва дигар корҳо мувофиқи нақша идома дорад. Корҳои “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ ва хориҷӣ амалӣ карда мешавад. Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” иншооти гидроэнергетикии сарбанддори агрегатҳояш дар танаи дарғоти обпарто ҷойгирифта мебошад ва дар соҳили чапи маҷрои Сирдарё воқеъ аст.

Корҳои сохтмонии ин неругоҳ соли 1952 оғоз гардида, агрегати якуми он бо иқтидори 21 мегаватт 15-уми декабри соли 1956 ба кор дароварда шудааст. Дар маҷмӯъ, неругоҳ аз 6 агрегат иборат буда, аз 20-уми ноябри соли 1957 бо иқтидори пурраи 126 мегаватт фаъолият намудааст. Бунёди ин неругоҳ ба обёрии заминҳои бекорхобида ва азхудкунии самараноки захираҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ ибтидо гузоштааст.

Бо татбиқи пурраи лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии Қайроққум”, ки муҳлати он 57 моҳ, яъне то соли 2023 муайян шудааст, таҷдиди таҷҳизоти асосию ёрирасони неругоҳ, дастгоҳи тақсимкунандаи 110 - киловолтаи неругоҳ ва таъмиру барқарорсозии иншооти гидротехникии он амалӣ гардида, иқтидори лоиҳавии ҳар як агрегати неругоҳ аз 21 мегаватт то наздики 30 ва дар маҷмӯъ тавоноии неругоҳ аз 126 мегаватт то ба 176 мегаватт расонида мешавад.

Бояд гуфт, ки санаи 23 августи соли 2019, зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ба татбиқи лоиҳаи "Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” оғози расмӣ бахшида буданд.

Истеҳсоли солонаи неруи барқ дар Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” ба ҳисоби миёна 600 - 650 миллион киловатт - соатро ташкил медиҳад ва иншоот ба системаи энергетикӣ тавассути 5 хатти интиқоли барқи 220 - киловолта ва 5 хатти интиқоли барқи 110 - киловолта пайваст аст.

Дар маҷмӯъ, бо татбиқи пурраи лоиҳа иқтидори Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” 50 мегаватт зиёд гардида, истеҳсоли миёнаи неруи барқ то ба 38 фисад афзоиш ёфта, таъминоти аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисодии вилояти Суғд бо неруи барқ ба таври назаррас баланд ва беҳтар хоҳад шуд.

Раиси вилоят пас аз шиносоӣ ба роҳбарияти неругоҳ ва татбиқкунандагони лоиҳа дастур дод, то корҳои банақшагирифтаро бо сифати баланд амалӣ намоянд.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади татбиқи нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва амалӣ кардани мақсадҳои неку дурбинонаи Роҳбари давлат дар самти таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ, сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд карда шудаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

 

 

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh