Раиси вилоят бо рафти сохтмони хонаи истиқоматии муосир дар шаҳри Хуҷанд шинос шуд

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода раванди корҳои ободониву созандагиро дар шаҳри Хуҷанд мавриди назар қарор дод.

Ба пешвози 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ вусъат гирифта, бунёди силсилаиншооти муҳими хоҷагии халқи мамлакат, аз қабили маркази савдову хизматрасонӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ, мактабу кӯдакистон, беморхона, марказу хонаҳои саломатӣ ва ғайра бомаром ҷараён дорад. Дар шаҳри Хуҷанд бунёду баистифодадиҳии зиёда аз 500 иншоот ба нақша гирифта шуда, рӯз аз рӯз раванди корҳои ободониву созандагӣ вусъати тозаро ба худ касб менамояд.

Раиси вилоят яке аз чунин иншооти бунёдшавандаро дар маҳаллаи 20 - уми шаҳри Хуҷанд мавриди назар қарор дод. Зимни шиносоӣ ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки бинои истиқоматӣ аз 12 ошёна иборат буда, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маҳкам Мансуров бунёд карда мешавад. Лоиҳаи он аз ҷониби КВД “Лоиҳакаш” омода гардида, пудратчии иншоот ҶДММ “Идораи сохтмонии №3” мебошад. Мутобиқи нақша бино, аз 12 ошёна ва 98 ҳуҷраи истиқоматӣ иборат буда, дар ошёнаҳои якум ва дуюм маркази савдову хизматрасонӣ ҷой дода мешавад. Дар қабати 13 - уми он бошад, ба таври кушод майдони алоҳида ҷой дода шудааст, ки истиқоматкунандагон метавонанд дар ин макон истироҳат ва ҳамзамон ба варзиш машғул шаванд.

Ҳуҷраҳои он 1, 2 ва 3 - хонагиро дарбар гирифта, аз 54 то 121 метри мураббаъро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин барои харидорон пардохти имтиёзнок барои ду сол муайян ва пешниҳод карда шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи октябри соли 2019 оғоз ёфта, масъулин азм доранд, онро то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ба истифода диҳанд.

Ҳангоми шиносоӣ бо лоиҳа ва ҷараёни сохтмон Раиси вилоят зикр дошт, ки вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи солгарди Истиқлолияти давлатии мамлакат бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуда, ҳадафи аслӣ хурраму сарсабзгардонии тамоми гӯшаву канори кишвар ва пеш аз ҳама, муҳайё кардани шароити зиндагонии шоистаи сокинон ба ҳисоб меравад.

Раиси вилоят ба сохтмончиён дастур дод, ки бояд, пеш аз ҳама, ба сифати корҳо аҳамияти аввалиндараҷа дода, дар намуди зоҳирии он нақшу нигори миллиро бештар истифода намоянд. Ҳамчунин, ҷой додани таваққуфгоҳ дар таҳхонаи бино мувофиқи мақсад арзёбӣ гардид ва масъулин муваззаф гардиданд, минбаъд дар тамоми биноҳои баландошёнаи бунёдшаванда сохтмони истгоҳи нақлиётро ба инобат гирифта, назоратро дар ин самт пурзӯр намоянд. Айни замон дар иншооти мазкур 40 нафар сохтмончиён дар ду баст фаъолият дошта, корҳои бетонӣ ҷараён дорад. Масъулин азм доранд, сохтмони ин биноро мувофиқи нақша ва бо сифати баланд ба сомон расонанд.

Дар ҳамин мавзеъ Раиси вилоят ҳамчунин ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ҷиҳати вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба пешвози ҷашнҳои фархундаи миллӣ, тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр, таъмиру тармими биноҳои баландошёна, бештар истифода бурдани нақшу нигори миллӣ дар намуди зоҳирии бино дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

 

Add comment


Security code
Refresh