Қарзи андоз – масъалаи нигаронкунанда

Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен Темур Нӯъмонзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2019 бо рӯзноманигорони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир намуд.

 - Масъалаи нигаронкунандае, ки нахуст маро ба ташвиш гузошт, барзиёд будани қарз аз тарафи андозсупорандагон аст. Қарзи андозсупорандагони ноҳия ба ҳолати 1-уми январи соли 2020 дар назди буҷети давлатӣ 2 миллиону 247 ҳазор сомонӣ буда, ҳарчанд нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 199,5 ҳазор сомонӣ кам аст, ҳалталаб боқӣ мемонад.

Дар навбати аввал мо бояд ин масъаларо бартараф намуда, қарзи андозро супорем, то дар оянда ба пешравии кори мо халал нарасонад, - иброз дошт Темур Нӯъмонзода.

Қайд карда шуд, ки ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, дар ин самт нақшаи чорабиниҳои алоҳидаро тасдиқ намудааст. Дар асоси он соли 2019 - ум сохта ба истифода додан, ҳамчунин таъмиру таҷдиди 162 иншоот ба нақша гирифта, дар давраи ҳисоботӣ бо назардошти иншооти иловагӣ 167 адад ё ин ки 103,6 фисад иҷро гардидааст. Бояд қайд намуд, ки то соли 2021 дар ноҳия сохтмон, таъмир ва таҷдиди 410 иншоот аз тарафи буҷети маҳаллӣ ва ҳам дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар натиҷа 475 нафар бо ҷои кор таъмин мегарданд.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии кишвар дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми соли 2019 рушди соҳаи саноати ноҳия таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 490,3 миллион сомонӣ ё 120,8 фисад иҷро гардид, ки нисбат ба ҳамин даври соли 2018 - ум 84,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Барои фароҳам овардани фазои хуби соҳибкорӣ бошад, дар ноҳия корхонаи хурди равғанбарории ҶДММ «25- солагии Истиқлолият», марҳалаи дуюми ҶСП «Норд Азия Металл» ва сехи коркарди мағзи зардолу ва бандубасти он дар ҶДММ «Зуҳал КО», заводи хиштбарорӣ дар Ҷамоати деҳоти Куруш мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки 96 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ноҳия давоми соли 2019 - ум 255 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 4 ҷиноят зиёд аст. Аз ин теъдод агар 16 нафар ҷавон даст ба ҷиноят зада бошанд, ҷиноятсодиркунии як наврас низ боиси таассуф аст. Алҳол дар ҷамоатҳои деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоев, Навкат, Куруш ва Тағояк, ки сафи ҷиноятсодиркардагон бештар аст, корҳои фаҳмондадиҳӣ мунтазам бурда мешаванд. - Алҳол соҳаи маорифи ноҳия ба 83 нафар мутахассиси фанҳои дақиқ, забонҳои русиву англисӣ эҳтиёҷ дорад.

Ҳамчунин, дар кӯмаки аввалияи тиббии санитарӣ (КАТС) низ духтурони оилавӣ намерасанд. Ҷиҳати бартараф намудани ин норасоӣ тадбирҳо андешида мешаванд, - иброз дошт иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия. Бояд тазаккур дод, ки алҳол мардуми ноҳияи Спитамен 78 фисад бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин ҳастанд. Чанде пеш дар Ҷамоати деҳоти Хуррамзамин, ки аҳолиаш ниёз ба оби тозаи ошомиданӣ доштанд, як чоҳи амудӣ кофта, ба истифода дода шуд. Алҳол корҳои ободонӣ ва баровардани оби нӯшокӣ дар Ҷамоати деҳоти Куруш идома доранд.

Боиси хурсандист, ки мардуми Ҷамоати деҳоти Навкат 98 фисад бо оби нӯшокӣ таъминанд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Темур Нӯъмонзода ҳамчунин дар мавриди робитаҳо бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ташрифи сайёҳони ватаниву хориҷӣ, вазъи экологии ноҳия, нигаронкунанда будани ҳолати беморхонаи Ҷамоати деҳоти Куруш, омодагӣ ба маъракаи сиёсӣ - интихобот сухан кард.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh