Нақши МОИ “Суғд” дар иқтисоди миллӣ

Дар соли 2019 – ум 5 истеҳсолоти нав, ҶДММ КМ ТТ «Афранг пластик» - филиали Хантана Канада ИНК дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶДММ «Донаи Алмос», ҶДММ «Сомон Кейс» ва филиали ҶДММ «Ал - авн Ал - муттаҳида барои тиҷорати умумӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” Фирдавс Олимзода.

Ҳамзамон ӯ қайд кард, ки самти асосии фаъолияти субъектҳои нав истеҳсоли профилҳои пластикӣ барои дару тирезаҳо, коркард ва бандубасти асал ва меваи хушк барои содирот, истеҳсоли ҷузвгирҳои мактабӣ ва ҳамчунин коргоҳи истеҳсолии кулолгарӣ, дӯзандагӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳаи ҳунармандӣ мебошад. Айни замон дар минтақаи мазкур 29 субъект ба қайд гирифта шуда, 14 - тои онҳо бо фаъолияти истеҳсолӣ машғуланд. Ҳамасола маъмурият мекӯшад, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёд гардад. Дар соли 2019 маҷмӯи умумии маҳсулоти саноатӣ, хизматрасонӣ ва амалиёти воридоту содиротӣ ба 167,5 миллион сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018 - ум 51,5 миллион сомонӣ зиёд аст.

Молу маҳсулоти дар минтақа истеҳсолшаванда асосан ба кишварҳои ҳамсоя содир шуда, соли сипарӣ ҳаҷми содирот беш аз 42,5 миллион сомониро ташкил дод. Ҳамзамон Фирдавс Олимзода бобати таъминот бо ҷойҳои нави корӣ ҳарф зада, қайд кард, ки миқдори умумии ҷойҳои корӣ дар МОИ “Суғд” аз оғози фаъолият ба 600 нафар расонида шудааст, ки дар ҳолати ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва таъсиси коргоҳҳои нав ин теъдод зиёд мешавад.

- Минтақаи озоди иқтисодии Суғд аз ҳама минтақаи рушдкарда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, вале имрӯз камбудӣ бобати дар сатҳи кофӣ маблағгузорӣ нашудани сохтмони баъзе иншоот мебошад, - гуфт Фирдавс Олимзода. Дар анҷоми нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон ба саволҳои хеш доир ба самтҳои гуногуни фаъолияти минтақа посух гирифтанд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh