Назорати иҷрои қонунгузории замин пурзӯр гардид

Соли 2019 ба мақомоти Прокуратураи вилоят 11302 муроҷиат ворид гардидааст, ки аз ин 3711 ададашро бевосита кормандони мақомот баррасӣ намуда, 665 адади он қонеъ карда шудааст.

 Ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 375 санади эътиноӣ оварда, 298 қарори ғайриқонунӣ ва бармаҳали мақомоти таҳқиқу тафтиш бекор, 129 парвандаи маъмурӣ ва 3 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст,- изҳор намуд зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми Прокурори вилоят, мушовири адлияи дараҷаи 1 Изатулло Муҳаммадӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти Прокуратураи вилоят дар соли 2019.

Мавсуф изҳор намуд, ки дар ҷараёни санҷиш ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ҳолатҳои вайрон кардани муҳлат, бе баррасӣ мондан ва аз натиҷаи баррасӣ ба муаллифон хабар надодан ошкор гардида, 325 санади эътиноии прокурорӣ бароварда, 493 нафар ба ҷавобгарии мухталиф кашида, нисбат ба 7 нафар бо моддаи 163 Кодекси ҷиноятӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шудааст. Изҳор гардид, ки назорат дар самти иҷрои қонунгузории замин пурзӯр шуда, аз натиҷаи санҷишҳо 244 парвандаи ҷиноятӣ оғоз, 4394,98 гектар қитъаи замини худсарона ишғолгардида ба ҳолати аввала баргардонида шуда, ба 260 адад қарори раисони шаҳру ноҳияҳо, ки аз ин 230 адад вобаста ба ҷудо кардани қитъаи замин мебошад, эътирозҳо оварда шудааст.

Ҳамчунин, ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар бораи тандурустиро санҷида, аз натиҷаи он 290 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида, нисбат ба 44 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Аз натиҷаи санҷиши ҳолати иҷрои қонунгузориҳо дар бораи буҷет, моликияти давлатӣ, хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ 31 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 2,4 миллион сомонӣ зарар ошкор ва барқарор шудааст.

Дар ин давр аз тарафи муфаттишони прокуратура 1840 парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба ҳодисаҳои куштор, таҷовуз ба номус, ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ғайраҳо мавриди тафтиш қарор гирифта, ба 1167 адади он тафтиши пешакӣ ба анҷом расонида, 983 адад ба мақомоти судӣ ирсол шудааст.

Дар охир рӯзноманигорон ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh