МЕҲРОБОД – ШАҲРАКИ БЕҲТАРИНИ СОЛ

Ҳамасола озмуни вилоятӣ оид ба муайян намудани беҳтарин шаҳрак, ҷамоат, деҳа ва маҳалла дар шаҳру деҳот гузаронида мешавад. Соли 2019 Ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов шаҳраки беҳтарин дар вилояти Суғд дониста шуд.

Зумрад Муталлибзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зикр дошт, ки дар шаҳраки Меҳробод ҷиҳати бо дастовардҳои шоиста ва нишондиҳандаҳои арзанда истиқбол намудани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақша - чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, корҳои ободонию созандагӣ вусъат бахшида, якчанд иншооти таъиноти иқтисодию иҷтимоӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар маркази Ҷамоати шаҳраки Меҳробод бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардидани хиёбони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 50 метр, Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 24 метр, ба истифода додани Маркази саломатии «Меҳробод», кӯдакистони хусусии «Нурафшон» барои 250 кӯдак иборат аз се ошёна, кӯдакистони хусусии «Файзбахш» дорои ду ошёна барои 240 нафар кӯдак мардуми меҳнатқарини ноҳияро сарбаланд намуда, азму талоши онҳоро дар роҳи ободониву созандагӣ дучанд гардонид.

Дар ин радиф ба истифода дода шудани майдончаҳои варзишии замонавии «Ланглиф» ва «Истиқлол» симои шаҳракро куллан тағйир дода, ба он ҳусни тозае зам намуданд. Ҳамчунин, 8010 метр роҳҳои Ҷамоати шаҳраки Меҳробод мумфарш гардида, 14580 метр хатҳои обгузар азнавсозӣ шуд. Дар ҳудуди ҷамоат бошад, барои сарсабзу хуррамгардонии кӯчаю хиёбонҳо зиёда аз 3500 бех дарахтҳои ороишию сояафкан шинонида шуд.

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Раиси вилояти Суғд ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, таъмини фаъолияти соҳаҳои иҷтимоӣ, ободу зебо гардонидани маҳалли зист, беҳтар намудани зисту зиндагии мардум корҳои амалиро ба анҷом расонидаанд.

Шаҳрак бо ҳиммати соҳибкорони маҳаллӣ ва татбиқи лоиҳаҳо бо ҷалби сармояи хориҷӣ ободу хуррам гашта, садҳо иншооти хурду миёнаи тавлидотӣ, хизматрасонӣ ва фарҳангиву варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Мақсади баргузории озмун вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баҳри сазовор ҷашн гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳадафи ниҳоӣ - ободии диёр, рӯзгори осуда ва зиндагии шоиста аст.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh