Нерӯи барқро сарфакорона истифода бояд бурд!

Истифодаи таҷҳизоти каммасрафи барқӣ ҳамчун роҳи паст кардани талафоти неруи барқ, ки пайваста сурат мегирад, дар асоси ҳадафҳои раҳоӣ аз буҳрони энергетикӣ натиҷаи пурсамар ба бор овард. Бо ҷорӣ гардидани истифодаи таҷҳизоти каммасраф ҳанӯз дар нимсолаи аввали соли 2009 дар кишвар нуқтаҳои махсуси фурӯш ифтитоҳ ёфтанд.

Чунин иқдом дар доираи татбиқи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия амалӣ шудааст. Дар ин муддат ташкилоту идора ва аҳолӣ ба истифодаи ин таҷҳизот гузаштанд, ки манфиати он ҳам ба буҷети оила ва ҳам ба корхонаву ташкилот буда, боиси коҳиш ёфтани ҳолатҳои садаманокӣ дар истгоҳҳои барқӣ ва кам гардидани серборӣ дар трансформатору дигар инфрасохтори интиқолдиҳандаи неруи барқ гардидааст.

Бино ба гуфти мутахассисони соҳа, истифодаи таҷҳизоти каммасраф сарфаи неруи барқро то панҷ маротиба кам мекунад.

Ногуфта намонад, ки истифодаи нодурусти таҷҳизоти барқии гармидиҳанда ва беаҳамиятӣ дар истифодаи неруи барқ метавонад, боиси рух додани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор гардад. Мувофиқи таҳлилҳои оморӣ, беш аз нӯҳ сол аст, ки истифодаи таҷҳизоти каммасраф, аз ҷумла фурӯзонакҳои камхарҷ дар мамлакат ҷорӣ гардидааст.

Масъалаи дигар ин аст, ки алҳол аксарияти сокинон ҳанӯз ҳам аз лампаҳои тафсон, ки то ҳол дар савдо қарор доранд, истифода мебаранд. Ҳарчанд истифодаи чунин лампаҳо сарфи неруи барқро бештар гардонад ҳам, сокинон фикр накарда, онро мавриди истифода қарор медиҳанд.

Бояд гуфт, ки ҷиҳати сарфаву сарриштакорона истифода бурдани неруи барқ ҳанӯз соли 2009 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия” ба имзо расида буд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: “Бо мақсади таъмини ҳарчи бештари аҳолӣ бо неруи барқ ва ба роҳ мондани истифодаи сарфаҷӯёнаи он, инчунин баҳрабардории васеъ аз асбоб ва таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 - уми майи соли 2009 гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ оғоз карда шавад”.

Мутахассисон таҳлил намуданд, ки дар сурати истифодаи 8 лампаи каммасраф дар як сол хароҷоти умумии аҳолӣ ба 506 миллион кВт - соат баробар мешавад, яъне ивази лампаҳои тафсон ба каммасраф танҳо аз ҳисоби аҳолии кишвар 3 миллиарду 120 миллион кВт - соат нерӯи барқ сарфа мешавад, ки ба ҳаҷми истеҳсоли неругоҳи барқи обии дорои иқтидори 810 - мегаватта баробар аст. Ин нишондиҳандаҳо баёнгари онанд, ки мо зимни пурра гузаштан ба лампаҳои каммасраф хароҷоти беҳудаи неруи барқро пешгирӣ намуда, аз ин ҳисоб ба буҷаи оилавӣ манфиати бештар мерасонем.

Дар доираи сафарҳои хизматӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд, Гулистон ва Бобоҷон Ғафуров дидем, ки бо вуҷуди ин то ҳол истифодаи лампаҳои тасфон дар баъзе аз хонаҳои истиқоматӣ, корхонаву ташкилот ва муассисаҳои таълимӣ ба мушоҳида мерасанд, ки он ба зарари истеъмолкунандагон мебошад.

- Фарши гарм боиси паст шудани сифати шиддати қувваи барқ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мегардад. Ин ҳолат ҳамасола, махсусан дар фасли сармо ба сифат ва ҳам талафоти неруи барқ таъсиргузор аст, - гуфт дар суҳбат сардори Раёсати назорати давлатии энергетикии минтақаи Суғд Шералӣ Ҳоҷиев. Аз тарафи мутахассисони раёсат дар соли сипаришуда 80 қоидавайронкунии истифодаи барқ ва гармӣ ба қайд гирифта шуд, ки маблағи он 56 ҳазору 782 сомониро ташкил медиҳад.

Тартиб додани санад аз тарафи мутахассисони раёсат дар давоми як соли гузашта беш аз 1138 ҳолати вайронкунии қоидаҳои истифодабарии қувваи барқро ошкор намуданд, ки маблағи он зиёда аз 157 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар баробари бо роҳҳои ғайри расмӣ гирифтани неруи барқ аз хатҳои барқӣ, истифодаи зиёди он сабаби сербории хату таҷҳизоти барқӣ ва талафоти неруи барқ мегардад. Ҳоло ҳам аҳолӣ ва ҳам корхонаю муассисаҳо барои гармидиҳӣ, эҳтиёҷоти истеҳсоли техникӣ, кору хизматрасонӣ, рӯзғордорӣ асосан аз нерӯи барқ истифода мебаранд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки истифодаи манбаи дигари энергия, ба монанди ангишт, газ ва ғайра кам гаштааст, ки аз ин сабаб серборӣ асосан ба соҳаи барқ мебошад. Ҳолатҳои ғайримақсаднок истифода бурдани неруи барқ боиси аз талабот зиёд сарф шудани он мегардад. Рӯзона дар вақтҳои таъмини кофии рушноӣ ҳам фурӯзон будани таҷҳизоти равшанидиҳанда дар бисёр иншооту хонаҳо мисоли истифодаи бефоидаю аз меъёр зиёди қувваи барқ аст.

Ин ҳолатҳо асосан дар марказҳои хизматрасонӣ, дӯкону мағозаҳо ба мушоҳида мерасад. Ин гуна ҳолатҳо шаҳодати он аст, ки соҳибони корхонаю муассисаҳо ба қадри истеҳсоли қувваи барқ намерасанд. Талаботи истифодаи сарфаҷӯёнаи энергияро риоя намекунанд ё худ истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти худсохту сермасраф низ боиси на танҳо сарфи зиёди энергияву хароҷоти зиёд ба истеъмолкунанда, ҳамзамон зарар ба хату таҷҳизоти барқӣ аст.

Сари вақт пардохт намудани маблағи истифодаи қувваи барқ ва истифода аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ, масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва нақши ҳар яки мо дар таъмини кори муназзами энергетикии мамлакат ва беҳтар гардидани вазъи таъминоти неруи барқ мебошад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh