Дониш ва малакаи кор - меъёри талабот

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи қаблӣ, нишасти матбуотӣ бо сардори Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд, полковники хадамоти гумрук Баҳром Исматуллозода, сардору масъулини шуъбаҳову сохторҳои раёсат ва намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид.

Зимни баромад сардори раёсат изҳор дошт, ки ҳаҷми умумии гардиши мол дар қаламрави гумруки вилоят ба 2 миллиарду 710 ҳазор доллари ИМА расид, ки нисбат ба соли 2018 ба маблағи 27 миллион доллари ИМА, яъне 1, 34 фоиз зиёд мебошад. Аз ин нишондод содирот ба маблағи 471 миллиону 156 ҳазор доллари ИМА ё ин ки ба андозаи 15,83 фоиз кам мебошад. Воридот бошад, 1 миллиарду 571 миллион долларро ташкил дод, ки ин 7,9 фоиз зиёд аст.

- Дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ раёсат 2106 ҳолати ҳуқуқвайронкунии гумрукиро ба қайд гирифтааст, ки ин нисбат ба соли 2018 - ум 1041 ҳолат кам мебошад. Аз миқдори умумии ҳуқуқвайронкуниҳо 38 ҳолатро ҷиноятӣ ташкил мекунад, ки ин ҳам бошад, воридоти ғайриқонунии моли пастсифат, маводи тарфгарӣ, интиқоли ғайриқонунии тангаҳои қадима, маводи доруворӣ, маснуоти заргарӣ ошкор гардидааст, - иброз дошт Баҳром Исматуллозода. Аз шумораи умумии ҳолатҳои бақайдгирифташуда нисбат ба 2086 ҳолат парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, боқимонда 146 парванда мавриди баррасӣ қарор доранд.

Дар ин давр дар натиҷаи баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи умумии 4 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин ва ситонида шудааст.

Соли гузашта байни кормандони Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд аттестатсияи ғайринақшавӣ гузаронида шуда, 29 корманд бинобар мувофиқ набудани савияи донишу малакаи корӣ дар фаъолият аз кор рафтанд.

Дар хусуси пешгирии аҳолӣ аз бемории коронавирус гуфта шуд, ки дар ҳамаи 16 дидбонгоҳу гузаргоҳи шаҳру навоҳии вилоят нуқтаҳои тиббӣ ташкил гардида, аз ҷониби масъулини Раёсати тандурустии вилоят ба таври шабонарӯзӣ навбатдорӣ ва дастрасӣ ба таҷҳизоти замонавии соҳа дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар нишаст ҳамчунин сардори шуъбаи маъмурӣ – ҳуқуқии Дастгоҳи Раиси вилоят Темур Тӯйчизода иштирок намуд. Дар фарҷом байни рӯзноманигорону масъулин суолу посух сурат гирифт.

Маъмурахон САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh