Таҳкимбахши тафаккури созанда

Паёми Президент – роҳнамо баҳри шукуфоии кишвар!

Баробари пеш рафтани васоити техникӣ ва рушди донишҳои муосир дар рӯзгорамон гардиши куллӣ ба вуҷуд омада, аз ҳар яки мо масъулияти ҳамқадами замон будан, аз омӯзиши донишҳои муосир қафо намондан, тафаккури созанда доштан, аз таҷрибаҳои ҷаҳони пешрафта омӯхтану сабақ бардоштанро тақозо менамояд. Низоми таҳсилот дигар шуда, дар ин радиф талаботи бозори меҳнат низ ба мутахассисони баландпоя ва соҳибтахассус ниёз пайдо мекунад.

Таъсиси Коллеҷи инноватсионии Хуҷанд дар партави дастури Пешвои миллат, ки ҳамасола дар Паёмҳои Президенти ҷумҳурӣ таъкид мегардад, ба миён омадааст. Азбаски масъалаи инноватсия яке аз самтҳои афзалиятноки илму маорифи кишвар маҳсуб меёбад, тасмим гирифтем, дар коллеҷ бо роҳи таълими дуалӣ (таҳсил ва таҷрибаи истеҳсолӣ) ҷалби мутахассисони соҳибтаҷрибаро ба роҳ монем, то донишҷӯён тавонанд, дар ин замина таҳсили босамар намуда, ҳамчун мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори имрӯзаи меҳнат ба воя бирасанд, дар зинаҳои болоии таҳсилот (курсҳои 2 ва 3) баробари таълим ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб шаванд.

Мусаллам аст, ки гузаштагони донишманди мо дар баробари илмҳои ҷамъиятшиносӣ, сухан ва суханварӣ, фалсафа, мантиқ, илоҳиёт, фиқҳ ва ғайра аз поягузорони илмҳои дақиқ маҳсуб меёфтанд ва имрӯз осори гаронмояи онҳоро кулли башар эътироф намуда, чун дастури таълимӣ истифода мебаранд. Омӯхтани осори пурғановати миллат, ҳамзамон чун меросбари воқеии ниёгони бузург дар сатҳи баланди илмомӯзиву маърифатандӯзӣ муаррифӣ намудани миллати тоҷик яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мост.

Аз ин рӯ, ҳарчи бештар ба роҳ мондани таҳсили илмҳои дақиқ ва даст ёфтан ба омӯзиш ва истифодаи технологияи муосир дар рушди сатҳи маърифат ва кору зиндагии мо таъсиргузор хоҳад буд. Зеро маҳз донистани истифодаи васоити техникиву технологӣ, онро дар таҷриба ба кор бурдан ва аз захираҳои зиёди ашёи хом ба роҳ мондани истеҳсолоти ватанӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ, татбиқи амалии “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020” ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат менамояд.

Коллеҷи мазкур ба ҳайси муассисаи навтаъсиси таълимии кишвар ҳамагӣ соли дувум аст, ки фаъолият дорад.

Омӯзгорони коллеҷ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи донишҷӯён беш аз пеш саҳм гузоранд, фаъолнокии донишҷӯёнро дар чорабиниҳои сиёсиву ҷамъиятӣ, ҳамчунин хониши асарҳои бадеӣ аз ҷониби онҳо назорат кунанд, дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳувият ва ифтихори миллӣ, тарғиби фарҳанг, маданияти миллӣ намуна ва роҳнамои ҳамешагии шогирдон бошанд.

Зарифҷон ЮСУФОВ,

директори Коллеҷи инноватсионии Хуҷанд,

номзади илмҳои физика - математика, дотсент,

Мухлиса НУРУЛЛОЕВА,

мудири умумитаълимии Коллеҷи инноватсионии

 Хуҷанд, номзади илмҳои филологӣ, дотсент

Add comment


Security code
Refresh