Таҳкимбахши рушди кишвар

Дар натиҷаи амалигардонии ҳадафи чоруми рушди стратегии кишвар дар тамоми манотиқи мамлакат корхонаҳои нав бо технологияҳои инноватсионии муосир ба фаъолият шурӯъ карданд, ки ба пайдоиши ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда мусоидат намуд ва дар оянда низ идома хоҳад ёфт.

Ҳадафи дигар ин аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтан маҳсуб меёбад, ки вобаста ба ин то ҳол роҳҳои нав бунёд гардиданд. Аз буҷаи давлат барои бунёди роҳи Помир маблағҳои зиёд ҷудо шуданд, ки аз шаҳри Кӯлоб то сарҳади Афғонистон тӯл кашида, бояд қайд намуд, ки барои ин сармоягузорони хориҷиву ватанӣ ҷалб карда шуданд. Ҳоло баъзе роҳҳои байни деҳаҳо ва ноҳияҳо таъмир гардиданд.

Ба истиқлолияти энергетикӣ расидан ҳадафи дигари рушди стратегӣ мебошад. Мо бояд дар ташкилоту идораҳо ва корхонаҳо аз таҷҳизоти технологии каммасраф истифода барем. Агар НБО «Роғун» ба пуррагӣ ба фаъолият шуруъ намояд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари истеҳсолкунандаи энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза шомил мегардад.

Ҳадафи дигар ин таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ мебошад. Имрӯз кишоварзӣ яке аз соҳаҳои пешрафта ба ҳисоб рафта, маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба пуррагӣ дар корхонаҳои саноатӣ коркард мешаванд ва бозори дохила ба пуррагӣ бо он таъмин гардида, инчунин содирот низ ба роҳ монда шудааст.

Иҷрои ин вазифаҳо ба саодатмандии халқамон оварда мерасонад. Ҳар як тоҷикистонӣ инро бояд дарк намуда, дар амалигардии ин вазифаҳо саҳмгузор бошад.

Мо бояд аз таърихи куҳани худ бохабар бошем ва онро ба дигарон муаррифӣ карда тавонем. Имрӯз бархе аз ҷавонон майли китобхонӣ надоранд ва аз телефонҳои мобилӣ, шабакаҳои интернетӣ фаровон истифода мебаранд, ки онҳо ҷои китобро гирифта наметавонанд.

Бояд омӯзиши фанҳои дақиқу табиатшиносӣ, экология, математика, физика ва химия боз ҳам ба таври васеъ ба роҳ монда шаванд. Яъне Академияи илмҳо, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи давлатии навро барои рушди илмҳои табиӣ, риёзӣ ва техникӣ омода намуда, онро дар амал ҷорӣ менамоянд.

Ҳамин тавр, Ватани ободу азизи худро боз гулу гулзор намуда, 30 - солагии ҷашни Истиқлолияти ҷумҳуриамонро бояд сазовор пешвоз гирем.

Назира АЗИМОВА,

дотсент, мудири кафедраи фанҳои

риёзӣ ва табиатшиносии муосири

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,

 бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh