Муқовимат бо коррупсия масъулиятшиносист!

Солҳои охир мушкилоти коррупсия ба яке аз муаммоҳои ҳалталаби ҷомеаи башарӣ табдил ёфтааст. Эълон шудани 9-уми декабр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии муқовимат бо коррупсия аз муҳимият ва хосияти умумибашарӣ доштани ин мушкилот дарак медиҳад. Мутаассифона, кишвари мо низ даҳсолаҳои охир аз мавҷудияти коррупсия ранҷ мебарад ва сатҳи он боиси нигаронии аҳли ҷомеа гаштааст. Дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ Пешвои миллат бори дигар нигаронии худро нисбат ба мушкилоти коррупсия баён намуданд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар муқовимат бо коррупсия масъулиятшиносона ва бо ҷиддият рафтор намоем. Зарур аст механизмҳои муассири муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб андешида шаванд, то сатҳи ин мушкилот поён равад.

Дар ҳама давру замон миёни гузаштагони мо амонатдорӣ чун арзиши муҳим дар муносибатҳои ҷамъиятӣ шинохта шудааст. Аммо дар шароити имрӯза чунин ба назар мерасад, ки мавқеи ин арзиш дар миёни мардуми мо коста гардидааст ё фаҳмиши маҳдуд аз он шакл гирифтааст. Дар шароити имрӯза шаҳрвандони кишвар аксаран амонатдориро дар нигоҳ доштани чизе назди худ ва ё молиёти ба касе супоридашуда мефаҳманд. Дар мавриди амонатдорӣ танҳо бо нигоҳдории пулу моли касе ва ё шахси алоҳидае иктифо менамоянд. Аммо дар мавриди дигар амонатҳое, ки ба онҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа вогузор шудааст ё кору фаъолияте, ки ба онҳо боварӣ карда шудааст, фаромӯш месозанд. Мутаассифона, ҳолатҳои муҳими дигаре чун сазовор будан ба боварии дигарон, иҷрои босифати масъулиятҳои дар назди худ дошта, ҳифз ва истифодаи самараноки моликияти давлативу ҷамъиятӣ, сарфаи мақсадноки молиёти давлативу ҷамъиятӣ чун амонатдорӣ дарк намешавад, ки албатта, ин боиси нигаронӣ аст.

Аз ин рӯ, зарур мешуморем, дар миёни мардуми мо, хусусан қишри ҷавони аҳолӣ, ки дар оянда ба хизмати давлативу ҷамъиятӣ роҳ меёбанд, фаҳми фарогир ва васеъ аз амонатдорӣ тақвият бахшида шавад. Ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ муваззаф карда шаванд, ки дар тарбияи мардум дар рӯҳияи амонатдорӣ ҳиссаи хешро гузошта бошанд. Маҳз, доштани тафаккури фарогири амонатдорӣ боис мегардад, ки масъулиятшиносии хизматчиёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ боло рафта, онҳоро аз гирифторӣ ба зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ боздорад. Доштани тафаккури амонатдорӣ чунин шароитеро ба вуҷуд меоварад, ки як нафар дар амалҳои худ меъёри дуруст ва ё нодуруст будани рафтори худро вобаста ба он бисанҷад ва баъдан даст ба кор шавад.

Яке аз фаҳмишҳои маъмулии коррупсия ин шикастани амонатҳои супурдашуда аз ҷониби шахси масъул мебошад, ки аз боварии мардум ва салоҳиятҳои ба ӯ вогузоршуда сӯиистеъмол менамояд. Дар ҳолати барои манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ истифода шудани салоҳиятҳои вогузоршуда амонатдорӣ шикаста мегардад, ки, албатта, он зуҳуроти коррупсионӣ аст.

Шарофиддин СОЛИЕВ,

устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,

бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh