Дар ҶДММ “Нассоҷи Хуҷанд” ва ҶДММ “Ҷавонӣ” ниқобҳои тиббӣ истеҳсол карда мешавад

1 апрели соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶДММ “Нассоҷи Хуҷанд” ва ҶДММ “Ҷавонӣ” боздид намуда, бо ҷараёни истеҳсолот дар ин корхонаҳо шинос гардид.

Тавре зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, дар корхонаҳои “Нассоҷи Хуҷанд” ва “Ҷавонӣ” бо назардошти зиёд гардидани ҳолати сироятёбии сокинони кишварҳои хориҷи дуру наздик ба коронавируси COVID-19 ва бо мақсади  таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии мамлакат истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ба роҳ монда шудааст. Хушбахтона то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва тадбирандешиҳо ҷиҳати пешгирии сироятёбӣ амалӣ карда мешавад.

Дар ҶДММ “Нассоҷи Хуҷанд”, ки ба истеҳсоли матоъҳои хушсифати пахтагин машғул аст, айни замон ду намуди ниқоби тиббӣ бо истифода аз дока ва хомсуф тайёр карда мешавад. Корхона дорои иқтидори бузург буда, метавонад миллионҳо дона ниқоби тиббиро истеҳсол ва вориди фурӯшгоҳҳо созад.

Раиси вилоят ба роҳбарияти корхона дастур дод, ки баҳри пешгирии қиматшавии нарх ва дар вақти зарурӣ пешниҳоди аҳолӣ намудани ниқобҳои тиббӣ истеҳсоли ин навъи маҳсулот зиёд карда шуда, то 10 миллион дона ниқоби тиббӣ захира карда шавад.

Чуноне мушоҳида гардид, истеҳсоли ниқоби тиббӣ дар ҶДММ “Ҷавонӣ” низ ба роҳ монда шуда, ҳамарӯза дар ин корхона 100 000 дона ниқоби тиббӣ истеҳсол мегардад. Корхона ҳамзамон бо чанд ширкатҳои апрупоӣ низ шартнома дошта, тибқи фармоиш ниқобҳои тиббии баландсифатро истеҳсол ва ба хориҷ содирот менамояд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки корхонаҳои нассоҷии вилоят барои истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ захираи кофӣ дошта, дар сурати зарурӣ метавонанд аҳолии вилоятро бо ниқобҳои тиббӣ пурра таъмин намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh