Боздиди Раиси вилоят аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фаровон-1”

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фаровон-1”, ки дар Ҷамоати шаҳраки Чоррухдарони шаҳри Гулистон ҷойгир аст, боздид намуд.

Чуноне иттилоъ дода шуд, ҶДММ “Фаровон-1” аз соли 2015 инҷониб фаъолият дошта, дар корхона регу шағал ва маҳлули бетонӣ истеҳсол карда мешавад.

Корхона дар соли гузашта ба маблағи 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ маҳлули бетонӣ, ба маблағи 303 ҳазор сомонӣ рег ва ба маблағи 290 ҳазор сомонӣ наздик шағал истеҳсол намудааст.

Раиси вилоят аснои шиносоӣ изҳор дошт, ки бояд иқтидори мавҷуда ба пуррагӣ истифода бурда шавад. Таъкид гардид, ки муассисони корхона метавонанд бо воридсозии хатҳои нави технологӣ истеҳсоли плитаҳоро, ки дар сохтмон хеле зиёд истифода мешавад, ба роҳ монанд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон афзуд, ки саноатикунонии кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон шудааст ва аз ин лиҳоз бояд барои ташкили ҷойҳои нави корӣ ва зиёд намудани номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда аз тамоми имкониятҳо истифода бурд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh