Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фабрикаи парандапарварӣ бунёд мешавад

Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони фабрикаи парандапарварӣ ҷараён дорад, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани он наздик 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷараёни бунёди фабрика мазкур шинос гардид. Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки фабрикаи парандапарварӣ аз ҷониби ҶДММ “Насиби ширин” бунёд гардида истодааст. Иншоот дар масоҳати наздик 17 гектар доман паҳн намуда, дорои якчанд бино барои парвариши паранда ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Тибқи иттилои масъулин фабрикаи мазкур бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, нигоҳубини паранда, раванди тақсими обу дон ва дигар корҳое, ки барои парвариши паранда нигаронида шудааст, тавассути технология анҷом дода мешавад.

Раиси вилоят бунёди чунин фабрикаҳоро барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат саривақтӣ арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки бо таъсиси чунин корхонаҳо ба рушди соҳа ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ заминаҳои воқеӣ гузошта мешавад.

Маҳз ба истифода додани чунин фабрикаҳои парандапарварӣ имкон медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба роҳ монда шуда, талаботи аҳолии кишвар бо маҳсулоти ватанӣ таъмин карда шавад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh