Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи иқтисодчиён ​

Ҳар сол 8 апрел дар кишвар Рӯзи иқтисодчиён мутантан таҷлил карда мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муҳимияти соҳаи иқтисод, барҳақ, зикр намудаанд: «Дар шароити ҳассоси замони муосир ҳадафи асосии давлат, пеш аз ҳама, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути амалӣ кардани ислоҳоти низоми идораи давлатӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти он, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва воридоти технологияҳои пешрафта ва дар ин замина ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ мебошад».

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят рушди соҳаи иқтисодро аз самтҳои муҳими фаъолият арзёбӣ карда, барои таъмини рушди иқтисодӣ ва тавассути он баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, дар асоси ҳадаф ва афзалиятҳои ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Барномаи миёнамўҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, “Барномаи миёнамӯҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят барои солҳои 2016-2020” амалӣ менамояд.

Маҳз аз баракати сулҳу суботи комил, ваҳдату сарҷамъии миллат ва талошу заҳмати пайгиронаи мардуми кишвар, таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят афзуда, раванди татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ дар вилоят густариши тоза пайдо менамояд.

Боиси тазаккур аст, саҳми кормандони соҳаи иқтисод дар таъмини рушду нумӯи кишвар назаррас буда, вазифаи басо пурмасъулият, яъне ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ бар ӯҳдаи кормандони соҳа вогузор шуд. Натиҷаҳои фаъолияти кормандони соҳа меъёрҳои алоҳидаи баҳодиҳӣ надошта, маҳсулнокии фаъолияти онҳо аз рӯи иҷрои сифатнок ва саривақтии нишондиҳандаҳои нақшавии рушди иҷтимоию иқтисодӣ баҳо дода мешавад.

Бо итминони комил, Рӯзи иқтисодчиёнро ба тамоми кормандони соҳа табрику таҳният мегӯям ва дар роҳи расидан ба қуллаҳои баланди меҳнатӣ барору комёбиҳо таманно дорам.

Add comment


Security code
Refresh