Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхонаи муштараки “Зарафшон”

Дар се моҳи аввали соли 2020 дар корхонаи муштараки “Зарафшон” ба маблағи 850,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 286,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ин нукта имрӯз, 7 апрел зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари корхонаи муштараки “Зарафшон” Жан Яомин таъкид шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот дурнамои ҳамкорӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот дар корхонаи муштараки “Зарафшон”, иҷрои уҳдадориҳои корхона, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва бунёди боз як корхонаи металлургии коркарди мисро баррасӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки нақши корхонаи муштараки «Зарафшон» дар рушди соҳаи иқтисодиёти шаҳри Панҷакент назаррас буда, дар он беш аз 2090 нафар фаъолият доранд. Бо бунёди корхонаи металлургии коркарди мис иловатан теъдоди зиёди сокинон бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд. Дар асоси нақша сохтмони корхонаи нав моҳи сентябри соли ҷорӣ оғоз ёфта, соли 2022 ба охир расонида мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз ҳадафи чоруми миллӣ эълон шудани саноатикунонии кишвар бунёди корхонаи навро дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ саривақтӣ арзёбӣ кард. Ҳамзамон гуфта шуд, ки тибқи уҳдадориҳо аз ҷониби корхона дар шаҳри Панҷакент ду мактаби наву замонавӣ бунёд мегардад.

Дар поёни мулоқот изҳори боварӣ карда шуд, ки бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат корхона уҳдадориҳои худро иҷро намуда, ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh