Созандагӣ ва ободкорӣ ҳадафи мост!

Таассурот пас аз сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд

Шӯҳрат Саидзода – устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон:

- Боиси сарфарозист, ки бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳи даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар фазои сулҳу оромӣ таъмин карда шуд ва ҳамзамон, тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун миллати ташаббускор муаррифӣ гардиданд. Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои муаззами миллат дар масъалаҳои мухталифи умумибашарӣ, аз ҷумла ҳалли муаммои об ва пуштибонии онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ аз соҳибтамаддун ва созандаву бунёдкор будани ин миллати куҳанбунёд, ки таърихи беш аз 5500 - сола дорад, шаҳодат медиҳад.

Дар баробари ин, пешниҳоди истифодаи таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон, дифои дини мубини Ислом аз терроризму экстремизм, ташаббусҳо оид ба ҳалли дигар масъалаҳои глобалӣ барои таъмини сулҳ ва амнияти байналмилалӣ аз сиёсати оқилонаи Президенти мамлакатамон дар самти сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар башорат медиҳад.

Итминон дорам, ки пуштибонии чунин сиёсати хирадмандона аз ҷониби олимон ва паҷӯҳишгарони ҷавони кишвар ҷавоб ба ҳамон таъкиди Сарвари давлат, ки ҳанӯз соли 1994 дар нахустин Анҷумани ҷавонони Тоҷикистон гуфт буданд: «Ҷавонон аз хатогиҳои гузашта сабақ омӯзанд, дар раванди минбаъдаи таърих муттаҳиду мутаффиқ бошанд, ваҳдату якдилиро пеша намоянд», маншаъ мегирад.

Дар сафари навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд якчанд иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодиро ифтитоҳ намуда, дар мулоқотҳои самимиашон бо мардум бобати ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими дастовардҳои Истиқлолият, илмомӯзӣ ва ҳушёрию зиракии ҷавонон ва ғайраҳо ҳарф заданд.

Мутмаинам, ки мо – ҷавонони огоҳу соҳибмаърифати кишвар бо роҳи илмомӯзӣ ва хислатҳои неки ҷавонмардӣ аз мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат сабақ гирифта, нисбати падидаҳои номатлуби замон ҷиддан мубориза мебарем ва баҳри таҳкими суботу амният ва рушди Ватани азизамон саҳм хоҳем гузошт.

Абдуҳабиб Охунҷонов – корманди илмии филиали Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд:

- Сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои мубораки наврӯзӣ ба вилояти Суғд, аз ҷумла ноҳияи Бобоҷон Fафуров басо хотирмон ва пурсамар буд. Бахусус, сафари кории Пешвои муаззами миллат мо, кишоварзонро рӯҳбаланд намуд.

Воқеан ҳам ташаббусҳои хайру наҷиби Пешвои муаззами миллат, аз ҷумла дар соҳаи кишоварзӣ боис шуданд, ки бештари қувваи меҳнат дар деҳот ба соҳаи кишоварзӣ равона гардида, муносибати оқилона ба замин ва имконияти васеъ барои паст гардидани муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон ба хориҷи кишвар таъмин гардад.

Ман ҳамчун олими ҷавон дар соҳаи боғдорӣ ҷиҳати бо ниҳолҳои ба шароити хоку иқлими минтақа мувофиқ корбарӣ намуда, ҳоло бо мутахассисони соҳа парвариши ниҳолҳои паканаро ба роҳ мондаем, ки минбаъд барои ташкили боғҳои интенсивӣ мусоидат мекунанд.

Заминҳои тӯли солҳои зиёд бекорхобида ва ташналаби мавзеи Рухаки Ҷамоати деҳоти Fозиён барои парвариши навъҳои гуногуни меваҷот мувофиқ буда, тибқи дастуру тавсияҳои Пешвои миллат айни ҳол дар ин минтақа наздик 700 гектар анорзор, бодомзор ва майдони хучу гелос ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешаванд, ки дар ояндаи наздик ба таъмини бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ бо маҳсулоти босифати соҳа мусоидат менамоянд.

Мо - мутахассисони соҳа, деҳқонону кишоварзон аз нуктаҳои муҳим ва саривақтии Паёми навбатии Пешвои миллат, дастуру супоришҳое, ки ҳангоми сафари корӣ ба вилоят доданд, хулосаҳои зарурӣ бароварда, аз ҷумла оид ба рӯёнидани се - чор ҳосил аз ҳар як қитъаи замин пурсамар истифода мебарем, бо руҳу илҳоми тоза ва меҳнати сидқидилона аз заминҳо ҳосили фаровон рӯёнида, дастархони мардумро пурфайз мегардонем.

Бобоҷон Ғафуров – донишҷӯи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон:

- Чун ҷавонони даврони соҳибистиқлол аз ғамхориву меҳрубониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархурдор ҳастам. Вақте ман тавлид шудам, бобоям, ки устокалони деҳа буданд, бо умеди ояндаи нек маро Бобоҷон номгузорӣ карданд, ки мисли аллома Бобоҷон Ғафуров шӯҳрати тоҷикону тоҷикистониёнро ба оламиён муаррифӣ намоям. Маҳз, бо ҳамин умед ман ба факултаи иқтисодӣ дохил шуда, асрори иқтисодиёти ҷаҳонро омӯхта истодаам. Ният дорам, сатҳи донишамро баланд бардошта, дар пешбурди илми ҷаҳонӣ саҳм гузорам. Ин буд, ки соли 2019 маро мушарраф гардид, ки давоми соли таҳсил дар Донишкадаи байналмилалии Ҷийянги Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсиламро идома диҳам. Дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ буданд, ки забонҳои русӣ, англисӣ ва хитоиро омӯхта, сирри илми иқтисодиёти ҷаҳониро азхуд намудам ва минбаъд ният дорам, ҳамчун мутахассиси арзанда ба воя расида, дар рушди кишвари азизамон саҳми амиқ гузорам.

Боиси қаноатмандист, ки ҳини сафари навбатии худ ба вилояти Суғд Пешвои муаззами миллат, аз ҷумла ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Бӯстон, якчанд иншооти муҳим - корхонаҳои истеҳсолӣ ва марказҳои хизматрасониро мавриди истифода қарор доданд. Ба ин коргоҳҳо мутахассисоне заруранд, ки соҳиби дониши муосир буда, бо технологияи навтарин кор карда тавонанд. Зеро маҳсулоти истеҳсолкардаи ин корхонаҳо бояд ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ мутобиқ бошад ва минбаъд он содирот карда шавад.

Мо – ҷавонон кӯшиш менамоем, ки хамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва неруи ҳаракатдиҳандаи ҷомеаи имрӯза ҷидду ҷаҳд намуда, пайваста талош меварзем, ки дониш андӯзем, забон омӯзем ва баҳри ободӣ ва шукуфоии Ватани азизамон саҳми худро гузорем.

Хабарнигори

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh