Корҳои вусъатпазир дар иншооти ҷашнӣ

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ва идомаи босуръати иқдомҳои бунёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат дар шаҳри Конибодом бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони иншооти таъиноти гуногун вусъат меёбад. Ду - се соли охир дар ҳудуди шаҳр барои муҳайё кардани шароити мусоиди кору хизматрасонӣ ва идомаи босуръати корҳои ободонию созандагӣ даҳҳо иншооти наву замонавӣ, аз ҷумла марказҳои саломатӣ, мактабу синфхонаҳои иловагӣ, корхонаҳои хурду миёна ва биноҳои хуштарҳи истиқоматию хизматрасонӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд.

Сокинони меҳнатдӯсти шаҳри Конибодом ва соҳибкорону саховатмандони маҳал дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷашни миллиро бо меҳнати шоиста ва дастовардҳои арзанда истиқбол гиранд.

Дар ин самт соҳибкорон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ фаъолона ширкат намуда, то имрӯз чандин иншооти замонавиро сохта, ба истифода супориданд. Айни замон сохтмони иншооти гуногун дар шаҳр идома дошта, баъди ба истифода додани иншоот сокинон бо ҷойи корӣ таъмин хоҳанд шуд.

Баҳри ободу зебо ва гулзор намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр низ аз ҷониби кормандони идораи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр як қатор корҳо ба сомон расонида шуданд. Ҳангоми ба шаҳр ворид шудан эҳсос мегардад, ки кӯчаҳо тозаву озода буда, ҷӯйборҳо, саҳни мактабу боғча ва муассисаву ташкилот ободу гулзоранд. Дар канори кӯчаҳои шаҳр дарахтони ҳамешасабз шинонида шуда, рӯҳияи мардум бо меҳнати созанда ва эҳсоси шаҳрдорӣ болидаву афзун аст.

Бо мақсади баланд бардоштани маданияти шаҳрдорӣ, ободу зебо гардонидани гирду атроф ва дар ҳудуди шаҳру ҷамоатҳои деҳот, ташкилоту муассисаҳо ниҳолҳои сояафкан, ҳамешасабзу ороишӣ, мевадиҳанда, гулу гулбуттаҳо шинониданд.

Директори корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр Аъзамҷон Ҷӯраев гуфт, ки имсол зиёда аз ҳазор бех ниҳоли ороишиву ҳамешасабз, 25 ҳазор тухми гули канна ва зиёда аз 5 ҳазор гули мавсимӣ шинонида шуданд.

Бо назардошти беҳтар намудани вазъи таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар шаҳр якчанд иншооти соҳаи маориф бунёду навсозӣ мегарданд.

Қомат афрохтани иншооти замонавӣ дар маркази шаҳр ва деҳот боиси фараҳмандӣ ва хушҳолии сокинон гардидааст. Зеро ин ҳама тадбирҳои ободонӣ барои беҳтар шудани шароити кору зиндагии мардум пешбинӣ шудаанд. Сокинони шаҳр, хусусан соҳибкорону саховатмандон ба истиқболи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммат баста, мехоҳанд, дар ободонии Ватан саҳми худро гузоранд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh