Дар шаҳраки Ғафуров Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти корхонаи ҶДММ "Обод-2", ки бо истеҳсоли гипохлориди натрий машғул аст, шинос шуд

Дар шаҳраки Ғафуров Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти корхонаи ҶДММ "Обод-2", ки бо истеҳсоли гипохлориди натрий машғул аст, шинос шуд.

Ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки корхонаи мазкур 10 тонна дар як шабонарӯз иқтидори истеҳсоли гипохлориди натрийро дошта, айни замон 3 тонна маводи мазкур истеҳсол шуда истодааст.

Маҳлули гипохлориди натрий дар зарфҳои ғунҷоишашон аз як литра то 20 литра барои сокинон пешкаш карда шуда истодааст. Дар корхона 14 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.

Музди маош аз 900 то 1500 сомониро ташкил медиҳад. Раиси вилоят таъкид кард, ки барои безараргардонии кӯчаву хиёбонҳо, мавзеъҳои гаштугузори мардум, хонаҳои баландошёна маводи химиявии истеҳсоли корхонаи мазкур дар ин марҳалаи паҳншавии бемории COVID-19 хеле зарур буда, барои таъмини корхонаҳои безараргардонӣ бо маҳлули гипохлориди натрий корбариро пурзӯр намоянд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh