Раиси вилоят аз фаъолияти корхонаи истеҳсоли шифер ва қубурҳои асбестии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Восидзода» дар шаҳри Бӯстон шинос шуд

Дар идомаи сафар Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз фаъолияти корхонаи истеҳсоли шифер ва қубурҳои асбестии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Восидзода» дар шаҳри Бӯстон шинос шуд.

Коргоҳи мазкур барои дар амал тадбиқ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии мамлакат бо саҳми соҳибкори ватанӣ бунёд гардида, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли ҷорӣ ба кор оғоз намуд.

Корхонаи мазкур дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон дар майдони қариб як гектар бо харҷи зиёда аз 1 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдувосид Очилов бунёд ёфта, дорои ду хатти муосири технологӣ - истеҳсоли шифер ва қубурҳои асбестӣ мебошад ва ба гуфти мутахассисони соҳаи саноату сохтмон маҳсулоташ аз лиҳози намуд ва сифат ба стандартҳои замони имрӯз ҷавобгӯ аст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин корхонаи саноатӣ дар як шабонарӯз зиёда аз 1500 дона шифер ва наздики 500 адад қубурҳои асбестии қутрашон гуногун истеҳсол мешавад. Ба гуфти муассиси корхона дар натиҷаи бештар шудани талаботи бозор ба шифер ва қубурҳои асбестӣ имконияти аз ин ҳам бештар истеҳсол кардани маҳсулот мавҷуд аст. Барои истеҳсоли шифер ва қубур ашёи хом - асбест аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ворид гардида, сементи аълосифати корхонаҳои Тоҷикистон истифода мешавад. Қубурҳои асбестӣ ба гармию сардӣ тобовар буда, муҳлати истифодабариашон бештар аз 50 сол мебошад.

Бинобар маълумоти роҳбари корхона содироти шифер ва қубурҳои асбестии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Восидзода» ба кишварҳои ҳамсоя, аз қабили Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба роҳ монда шуда, бозори дохилӣ низ бо маҳсулоти воридотивазкунандаи ватанӣ пурра таъмин мебошад. Дар шароити кунунӣ Раиси вилоят роҳбари корхонаро муваззаф намуд, ки бо риояи қоидаҳои бехатарӣ ва гигиенӣ фаъолиятро мунтазам ба роҳ монанд. Ҳамаи коргарон бо ниқоб, дастпушак ва либоси кории махсус таъмин шуда, бо кӯмаки мутахассисони маркази санитарию эпидемиологӣ ду маротиба дар як рӯз корҳои безараргардонӣ гузаронида шавад. Фаъолияти корхонаҳои ватанӣ барои иқтисодиёти кишвар муҳим арзёбӣ шуд.

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh