Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи аввал баргузор гардид

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи аввал баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шахсан аз ин ярмарка - фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал дидан намуда, бо харидорону фурӯшандагон суҳбат кард.

Бори дигар таъкид карда шуд, маҳсулоте, ки дар ин ярмарка пешниҳоди харидорон гардонида шуд, нисбат ба бозор то 30 дарсад арзон буд. Масалан, 50 килограмм орд 230 сомонӣ, як кило картошка 2,5-4,5 сомонӣ, биринҷ аз 9 то 10 сомонӣ, гӯшти мурғ як килограмм 17 сомонӣ, гӯшти гов 38 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд 40 сомонӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум бо нархи дастрас ба фурӯш гузошта шуд.

Тибқи супориши Раиси вилоят дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят барои таъмини мардум бо маҳсулоти ниёзи аввал тадбирҳои судманд андешида мешавад.

Дар ярмарка бо ташаббуси Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иқдоми хайриявии «Нони бепул» амалӣ карда шуд. Барои аҳолии камбизоат ва ниёзмандон ба миқдори зарурӣ зиёда аз даҳ ҳазор нон ройгон тақсим карда шуд. Аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ рӯҳияи сокинон болида гардида, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос ва миннатдорӣ баён намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh