Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ноҳия

Дар ноҳияи Деваштич Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти сохтмони чанд иншоот, ки ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад, дидан намуд.

Сокинон ва соҳибкорони ноҳияи Деваштич дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бунёди иншоотҳои зарурӣ ва муҳайё кардани ҷойҳои кори доимӣ пайваста кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ дар Ҷамоати деҳоти Яхтан сохтмони фермаи мурғпарварӣ барои 20 ҳазор сар мурғ аз ҷониби ширкати Ҳоҷирасул ва сохтмони фермаи чорводорӣ барои 350 сар чорвои хушзот аз ҷониби ширкати «Нури Далён» бомаром идома дорад. Ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки сохтмони иншоотҳо то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба итмом расонида шуда, ба фаъолият оғоз менамоянд. Дар он 50 нафар сокинон бо ҷои кори доимӣ таъмин гашта, бо маҳсулоти хушсифат, тухми парранда ва гӯшти моли калон бозорҳои мамлакатро таъмин менамоянд.

Ҳамчунин, дар ин ҷамоат сохтмони сардхона барои 400 тонна маҳсулот, нуқтаи ченаки вазни маҳсулот ва маркази хизматрасонӣ бунёд мегардад. Он аз ҷониби соҳибкори ватандӯст бо маблағгузории зиёда аз 4 миллион сомонӣ амалӣ гашта истодааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳибкории ватанӣ ва муҳайё гардидани имтиёзҳои махсусро хоса зикр намуда, омодагии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро ҷиҳати дастгирии соҳибкорони созанда баён дошт.

Амалӣ шудани чунин иқдомҳо дар ноҳияи Деваштич омили рушди иқтисодиёти ноҳия арзёбӣ гардид.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh