Боздиди Раиси вилоят аз корхонаи «Сано»

Санаи 28 майи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода вобаста ба пайгирӣ аз татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ эълон намудани саноатикунонии босуръати мамлакат аз корхонаи саноатии ҶДММ «Сано» боздид ба амал оварданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи мазкур вобаста ба фармоишот навъҳои гуногуни маҳсулот омода карда мешавад. Феълан дар корхона дӯхтани ниқобҳои гигиенӣ ва корҷомаҳои тиббӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Имрӯз 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд. Ҳамчунин, дар ин корхона имкони истеҳсоли то 200 номон заминаи кофӣ вуҷуд дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти корхонаи «Сано» дастур дод, ки бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ ҷиҳати истифодабарии имконоти пурраи корхона тадбирҳо андешида, сафи кормандонро ба 100 нафар расонанд.

Ҳамчунин, вобаста ба пешгирии паҳншавии пандемияи COVID-19 тадбирҳои безараргардонӣ ва фосилагирӣ тибқи нишондоди табибон корбарӣ карда шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода аз роҳбарияти корхона даъват ба амал овард, ки аз фаъолияти ибратбахши КМ «Ҷавонӣ» пайгирӣ намоянд, зеро ин корхона ба истесҳол ва содироти ниқобҳои гигиенӣ ба хориҷи дур таҷрибаи комил ба даст овардааст. ҶДММ «Сано» низ метавонад, талаботро ба ин намуди маҳсулот на фақат дар дохил, балки дар хориҷи кишвар таъмин намоянд.

Таваҷҷуҳи асосӣ баҳри самаранок истифодабарии заминҳои ҳудуди корхона дода шуда, таъкид гардид, ки ҳар як ваҷаби он ба манфиати корхона истифода ва вазъи экологии минтақа беҳтар карда шавад.

Add comment


Security code
Refresh