Боздид аз фаъолияти марказҳои логистикии содироти пиёз

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз фаъолияти марказҳои логистикии содироти пиёз боздид намуд.

Яке аз маҳсулоти содиротии кишвар дар моҳи май ин пиёзи баҳорӣ мебошад. Бо ин мақсад дар ноҳияи Ҷаббор Расулов марказҳои логистикии содироти пиёз амал менамояд. Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба содир намудани маҳсулоти кишоварзӣ ба кишварҳои дуру наздик дар мамлакат тамоми шароитҳо барои соҳибкорон муҳайё гардидааст.

Зимни боздид ба Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода маълумот дода шуд, ки пиёз ҳоло аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ба марказҳои логистикӣ ворид шуда, асосан ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон содирот мешавад. Дар ин марказхо зиёда аз 500 нафар зан сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори мавсимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Ҳамарӯза то 1200 тонна пиёз тариқи 20 қатора аз се маркази логистикии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба хориҷа содирот мешавад. Аз даҳрӯзаи аввали моҳи июн содироти ҳосили пиёзи барвақтии кишоварзони вилояти Суғд низ оғоз мегардад.

Раиси вилоят ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ, ки маҳсулоти деҳқононро ба хориҷа содир менамоянд, баҳои баланд дод. Зеро содирот ин манбаъи даромади асъори хориҷӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ дар кишвар мебошад. Соли ҷорӣ аз вилояти Суғд содироти меваи зардолу ва гелос низ ба роҳ монда шуда, дар хориҷа ба меваҳои шаҳдбор ва сабзавоти Тоҷикистон талабот зиёд арзёбӣ гардид.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

 

 

Add comment


Security code
Refresh