Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар Ҷамоати деҳоти Хистеварз

31 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафари корӣ анҷом дод.

Дар аснои сафар Раиси вилоят нахуст раванди корҳои ободониро дар Ҷамоати деҳоти Хистеварз мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Чуноне иттилоъ дода шуд дар доираи омодагиҳо ба ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Муҳиддин Самадов дар ҷамоат маркази савдою хизматрасонӣ бунёд гардида истодааст.

Иншооти мазкур дар масоҳати 0,60 га ҷойгир буда, маркази савдою хизматрасонӣ аз се ошёна иборат аст.

Тибқи маълумоти муассис дар ошёнаи якум мағозаи озуқаворӣ, дар ошёнаи дуюм маркази солимгардонӣ ва табобатӣ ва дар ошёнаи сеюм сехи дўзандагӣ ташкил карда мешавад.

То имрўз наздик 90%-и корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, зиёда аз 1,2 миллион сомонӣ маблағ сарф карда шудааст.

Дар сурати ба истифода дода шудани маркази савдою хизматрасонӣ 45 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

Раиси вилоят иқдоми соҳибкорро дар самти таъсиси маркази табобатию солимгардонӣ ва фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ намунаи ибрат арзёбӣ карда, тавсия дод, ки дар ҳудуди иншоот озмоишгоҳ низ ташкил карда шавад. Зеро Ҷамоати деҳоти Хистеварз аз ҷамоатҳои калонтарин маҳсуб ёфта, шумораи аҳолии он сол ба сол зиёд гардида истодааст.

Ҳамчунин ба масъулин дастур дода шуд, ки барои воридсозии таҷҳизоти зарурии тиббӣ ба соҳибкор кӯмак карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh