Шиносоӣ бо сохтмони майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар идомаи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо рафти сохтмони майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно гардид.

Фармоишгари иншоот Маъмурияти муассисаҳои сохташавандаи ноҳия ва пудратчии асосӣ ҶДММ «КММ-44» мебошанд.

Лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶДММ «Суғдлоиҳакаш» таҳия карда шуда, тибқи нақша баландии сутунпояи Парчам 50 метрро ташкил мекунад.

Сохтмони майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон охири соли 2019 дар масоҳати 0,45 га оғоз гардида, корҳои ҳамворкунии замини иншоот ба охир расонида шуда, таҳкурсии Парчам омода ва корҳои ободонии майдон идома дорад.

Баъди пурра ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ майдони мазкур ба мавзеи истироҳатии сокинон табдил хоҳад ёфт.

Сипас, Раиси вилоят рафти корҳои сохтмонии Маҷмааи хизматрасонии “Гулистон”-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Иншооти мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Абдусамӣ Раҳмонов  дар масоҳати 0,30 га бунёд шуда истодааст. Маҷмаа аз чор ошёна иборат буда, ошёнаи якум барои хизматрасонии муомилоти бонкӣ, ошёнаи дуюм тарабхона барои 60 нафар, ошёнаи сеюм меҳмонхона барои 20 нафар ва ошёнаи чорум тарабхона барои 40 нафар пешбинӣ шудааст. То имрўз наздик 90%-и корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, зиёда аз 1,2 миллион сомонӣ маблағ сарф карда шудааст.

Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоот 25 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Хистеварз бунёду баистифодадиҳии беш аз 100 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh