Сафари кории Раиси вилоят ба Ҷамоати деҳоти Далёни болои ноҳияи Деваштич

2 июни соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Деваштич сафар карда, бо раванди бунёдкориҳо дар Ҷамоати деҳоти Далёни боло шинос гардид.

Раиси вилоят сараввал рафти корҳои сохтмониро дар Маркази хизматрасонии “Ҳоҷӣ Мирзо” мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Тавре ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, маркази хизматрасонӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Раззоқ Раззоқов бунёд карда мешавад.

Дар ин марказ, ки аз ду ошёна иборат аст, тарабхона барои гузаронидани тӯю маъракаҳо, чойхонаи миллӣ ва кошонаи ҳусн таъсис дода хоҳад шуд.

Раиси вилоят иқдоми соҳибкори маҳаллиро шоистаи пайравӣ унвон карда, ташкили чунин марказҳои хизматрасониро барои ободонии маҳал муҳиму саривақтӣ унвон кард.

Сипас, Раҷаббой Аҳмадзода аз бинои нави Беморхонаи ноҳиявии №5, воқеъ дар деҳаи Далёни поёни Ҷамоати деҳоти Далёни боло боздид намуд.

Сохтмони бинои нави Беморхонаи ноҳиявии №5 аз ҷониби соҳибкор Садрӣ Файзиев моҳи марти соли 2018 оғоз ёфта, ба ҳолати имрўза барои истифода пурра омода аст. Он аз чор ошёна иборат буда, дорои шуъбаҳои таваллуд, қабул ва таҳлилгоҳ, утоқи хатнаи кўдакон, касалиҳои узвҳои дарунӣ ва бачагона мебошад. Беморхона барои 75 кат пешбинӣ гардида, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ пурра таъмин мебошад.

Ба иттилои масъулини соҳаи тандурустии ноҳия беморхонаи мазкур ба аҳолии 25 000 нафараи Ҷамоати деҳоти Далёни боло хизмат мерасонад.

Барои сохтмони бино аз ҷониби соҳибкор 6,4 миллион сомонӣ харҷ карда шуда, тибқи нақша дар беморхона 59 воҳиди корӣ таъсис дода мешавад.

Интизор меравад, ки иншооти мазкур дар рӯзҳои таҷлил аз иди Ваҳдати миллӣ мавриди истифода қарор гирад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh