Амалишавии ҳадафҳо - таҳкимбахши рӯзгори шоиста

 

Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ роҳи ҷомеаи муосиру миллати тамаддунсози тоҷикро ҳамчун машъал дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунаввару сафобахш гардонда, хадафҳои имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ устувору башоратовар намуд.

Нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии кишварамон пайваста аз сиёсати оқилонаву мардумпарваронаи пешвои муаззам сарчашма мегиранд. Биноан нуктаву муҳтавои Паёми ҳарсолаи Пешвои миллат ҳамчун оинаи барқаду гӯё роҳу равиш, ҳар иқдому муваффақиятҳоро равшану ҷаззоб бозгӯй мегардад. Аз ин лиҳоз факту рақамҳои бунёдии паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро уҳдадор менамоянд, ки самтҳои ҷадиду дурнамои ҳаёти ҷомеаи муосирамонро бо дили поку ақли солим эҳсос намоем, ба роҳбарии фаъолияти ҳаррӯзаи ҳадафманд бигирем.

Аз ҷумла, Пешвои муаззами миллат дар Паёми саодатбори навбатиамон таъкид доштанд, ки  дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтааст.

ҳамзамон, дар ин давр ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар гардидааст.

Тайи солҳои зикршуда даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш пайдо кард.

Сатҳи камбизоатӣ ба 27,5 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафт.

Ҳамзамон, бо ин, тибқи таҳлилҳо дар замони соҳибистиқлолӣ нишондиҳандаи умумии фавт қариб ду баробар, аз ҷумла фавти кӯдакони синни то панҷсола 3,2 баробар кам шудааст. Дар давоми 7 соли охир аҳолии Тоҷикистон аз панҷуним миллион қариб ба 9,5 миллион нафар расида, беш аз 70 фоиз афзудааст.

Саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли 2013-ум 54 фоиз буд ва ин нишондиҳанда соли 2019 ба 70 фоиз расонида шуд. Яъне нишондиҳандаҳои дар соли 2013 пешбининамудаи барномаи номзад ба Президенти кишвар барои 7 сол, дар маҷмӯъ, иҷро гардидаанд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукумати кишварро вазифадор намуданд, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад.

Ин вазифаҳои муҳим низ дар баробари амалишавии ҳадафҳои стратегии мамлакат татбиқ гардида, боварӣ дорем, ки Тоҷикистони азизи мо боз ҳам ободтар ва сатҳи зиндагии мардуми кишвари соҳибистиқлоламон баландтар мегардад.

Ин ҳама дастоварду комёбиҳои давлату миллат, беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардумро нодида гирифтан, шукри осоиштагӣ ва тинҷиву амонӣ накардани баъзе ашхос аз ғаразу носипосӣ ба ин миллату сарзамин буда, нишони курдилӣ ва душманӣ бо худу бо миллати хеш аст!...

 Мухтори Абдулло,
сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии
«Ҳақиқати Суғд» 

 

Add comment


Security code
Refresh