ПОЙДОРИИ СУБОТИ ҶОМЕА АЗ ВАҲДАТ АСТ!

Бинои кӯҳнаи идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд». 27-уми июни соли ҳазору нӯҳсаду наваду ҳафт. Ҳама қаламкашон интизор нишастаем. Мо, кормандони рӯзнома натиҷаи ҷаласаеро, ки дар Маскав бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва гурӯҳи мухолифин баргузор шуда истодааст, нигаронем. Саҳифаи аввали рӯзномаро низ бо ҳамин мақсад боздоштаем. Он замон як толори на он қадар калоне доштем, ки ба номи яке аз журналистони соҳибқалам Қурбон Баҳлулзода номгузорӣ шуда буд.

Эҷодкорон дар ҳамин толор масъалаи мазкурро муҳокима дорем. Пас аз нисфирӯзии он замон котиби масъули рӯзнома, шодравон Исроилҷон Исмоилов «Ҳой, хушхабар! Ҳой, хушхабар! Шодиёнаро омода созед!» - гӯён вориди толор шуданд ва мо низ баробари он кас хурсандӣ намудем. Зеро ин ҳам аз зумраи мулоқотҳое буданд, ки Сарвари давлат бо гурӯҳи мухолифин дар кишварҳои дигар меоростанд. Мо ҳама натиҷаи онро чашминтизор будем. Инак, он соат фаро расид…

Инак, бисту се сол аст, ки дар фазои сулҳу амонӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ умр ба сар мебарем. Тӯли ин солҳо ба бисёр комёбиву дастовардҳо ноил гардидем.

Албатта, ҳамаи ин дастоварду муваффақиятҳо ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар ин муддат буданд солҳову моҳҳое, ки мо шабонарӯз дар навбати нон меистодем, ки дар байнамон калонсолону ҳомиладорон низ буданд.

Ҳоло бошад, дар бозорҳо нонҳои болаззату орди навъҳои гуногун фаровонанд ва заводу сехҳои ордбарорӣ соле тоннаҳои зиёди ордро пешкаши мардуми тоҷик мегардонанд.

Мо, кормандони эҷодии нашрияҳои маркази вилоят дар ҳар гӯша манзил гирифта будем. Алҳол аз соли ду ҳазору ёздаҳум инҷониб бо фотеҳаи Пешвои муаззами миллат дар ин Кохи боҳашамат муттаҳид гашта, ба эҷод машғулем.

Ҳамчунин, аксар биноҳои муассисаҳои табобатӣ ва таълимӣ фарсудаву дар баъзе деҳоти ноҳияҳо толибилмон дар хонаҳои истиқоматӣ таҳсил доштанд, яъне хонаҳои истиқоматӣ бинои муассисаҳои таълимиро иваз мекарданд. Бо мурури замон он ҳам бартараф гардид. Алҳол дар ҳудуди вилоят 547 ҳазору 925 толиб-илм дар 929 муассисаҳои таълимии дорои шароити муосир таҳсил доранд.

Чунин иқдоми шоиста дар муассисаҳои табобатӣ низ сурат гирифт. Метавон гуфт, то солҳои дуҳазорум аксар гирифторони бемории вазнин ва ба ҷарроҳӣ ниёздошта ба табобатгоҳҳои бурунмарзӣ муроҷиат менамуданд ва бо сарфи маблағҳои зиёд саломатии хешро барқарор месохтанд. Бо ҷонибдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ин масъала низ то қадри имкон ҳалли худро ёфт.

Аксар биноҳои табобатӣ дар шаҳру навоҳии вилоят навбунёданд ва ё қомат афрохта, бо таҷҳизоти муосири табобатӣ муҷаҳҳаз гардида истодаанд. Имрӯз ҷарроҳиҳои мушкил дар шуъбаҳои беморхонаҳои ҷумҳурӣ сурат гирифта, мутахассисони варзида бо маҳорати хоса амалиётро анҷом медиҳанд.

Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ на танҳо соҳаҳо футур рафта буданд, инчунин аксари биноҳо, новобаста аз мансубият ба соҳаҳо ва ҳавлиҳои истиқоматӣ низ ҳолати садамавӣ доштанд ва ё умуман ба хок яксон гардида буданд. Бо гузашти айём биноҳои замонавии дорои хусусияти гуногун қомат афрохта, ба ин васила тарҳи шаҳру ноҳияҳо ба куллӣ тағйир ёфт. Дар қатори дигар иншоот майдони Парчами давлатӣ дар аксар шаҳру навоҳии вилоят қомат афрохта, бори дигар инсониятро ба сулҳу дӯстӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ҳидоят менамояд. Чанде пас сохтмони майдони Парчами давлатӣ дар даромадгоҳи Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба анҷом хоҳад расид, ки масоҳати он 0,45 гектарро фаро гирифта, баландии пояи Парчам 50 метрро дар бар мегирад. Дар ҳамин мавзеъ инчунин бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Абдусамеъ Раҳмонов дар масоҳати 0,30 гектар Маркази хизматрасонӣ ба истифода дода хоҳад шуд, ки он аз чор ошёна иборат аст. Умуман, ба истиқболи ҷашни бузурги тоҷикон - Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар як деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беш аз сад иншооти таъиноташ гуногун ба истифода дода хоҳад шуд, ки қисме аз он аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва ё бо қувваи сокинон бунёд мегарданд.

Наздик се даҳсолае, ки даврони соҳибистиқлолии кишварро мо паси сар карда истодаем, ба бисёр дастовардҳо ноил гардида, чанд Барномаҳои миллии бахши гуногун таҳия ва амалӣ шуда, чор ҳадафи стратегии миллӣ нишонрас гардида, аз шаш ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд, ки «он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик» буда, «қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ – истиқлолияти энергетикӣ» мебошад.

Ҳамаи ин ва дигар дастовардҳо боиси ифтихор ва сарбаландӣ буда, эҳсоси ватандории мо - тоҷиконро бори дигар собит месозад. Чанде пеш масъалае, ки тӯли беш аз ду даҳсола мушкиливу муаммоҳои худро доштанд, ҳалли худро ёфт. Рӯйдоди таърихие, ки барои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардуми тоҷику ӯзбек муҳим буд, ин ба имзо расидани созишномаи шарикии стратегии байни кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад.

Дар ин радиф оид ба ободонӣ ва сарсабзии диёр, беҳ гардидани вазъи иҷтимоиву иқтисодии давлат мисолҳо зиёданд, ки наметавон ҳамаи онро дар як пора мавод овард. Аммо тавре Пешвои муаззами миллат таъкид медоранд: «Мо ба мақсадҳои олии худ - таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти кишвар, таъмини рушду нумӯи давлатдории миллӣ, амнияти давлат ва миллат, пойдории сулҳу субот, пешрафти иқтисодиёту татбиқи ҳадафҳои марҳалаи созандагӣ, беҳбуди зиндагии мардум ва ҳалли даҳҳо масъалаҳои дигари ҳаётӣ танҳо бо роҳи сулҳу ваҳдату дӯстӣ расида метавонем».

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh