Ба ваҳдат расидан орзуи ягонаи халқ буд

Ба шарофати саъю кӯшиши пайваста ва ҳаракатҳои пайгиронаи Сарвари мамлакатамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи Ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои сиёсати доимии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфт. Он баҳри рушди минбаъдаи сиёсати дохиливу хориҷии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, интихоби самтҳои дурусти рушди минбаъдаи кишвар, таъмини амнияти дохиливу хориҷӣ ва ниҳоят барои имрӯзу фардои халқу миллати мо заминаҳои мустаҳкам ба вуҷуд овард.

Самараи Ваҳдати миллӣ аст, ки имрӯз Тоҷикистон аз ҳар ҷиҳат рушд ёфта, зиндагии мардум беҳ гардидааст. Дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Суғд низ тӯли 23 соли Ваҳдат тағйироти куллӣ дар ҳама соҳаҳо ба чашм мерасад. Пеш аз ҳама, ин сулҳи халқи тоҷик ва осоиштагии мардум аст.

Яке аз шаҳрҳои қадимаи вилоят Истаравшан аст, ки он низ имрӯз ба яке аз шаҳрҳои сайёҳӣ мубаддал гардидааст. Тӯли ин солҳо иншооти мухталиф дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва фарҳанг сохта, ба истифода дода шуданд. Дар арафаи 23 – юмин солгарди Ваҳдати миллӣ дар ҷамоату деҳот ва маҳаллаву шаҳракҳои шаҳри Истаравшан иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла бунёди гармхона дар Ҷамоати деҳоти Зарҳалол, маркази саломатӣ дар Ҷамоати деҳоти Нофароҷ, маркази савдо дар ҷамоати деҳоти Сабристон, мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ бо хонаи истиқоматӣ дар хиёбони Истиқлол, пули мошингузар дар Ҷамоати деҳоти Гули Сурх ва чоҳҳои амудӣ ба истифода дода мешавад. Аз Истиқлолияту Ваҳдати миллии тоҷикон имрӯз ҳар фарди худогоҳи кишвар шукрона мекунад ва шод аз он ҳастанд, ки дар фазои орому осуда умр ба сар мебаранд.

Котиби масъули Шӯрои ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан Мавлуда Умарова аз дастовардҳои халқи тоҷик ёдовар шуда мегӯяд, ки баробари ба Ваҳдат расидан дар кишвар сулҳу оромӣ падид омад, мардум дарк карданд, ки аз як гиребон сар баровардан ба муваффақият соҳиб шудан аст.

- Вақте солҳои 90 - умро ба хотир меорем, бевосита пеши назар нобовариву тарсро дар чашмони халқ дидан мумкин буд. Ҳатто овозаҳое буданд, ки Тоҷикистон ба чанд қисм тақсим мешавад. Ин ҳама мардумро парешонхотир мекард. Мардуми тоҷик интизори сулҳ буданд, зеро маҳз пойдор гардидани сулҳ ҳамаро аз хунрезиву нобасомониҳо эмин медошт. Заҳмату талошҳои Сарвари хирадманд ва фаъолони кишвар буд, ки дар қаламрави вилоят, алалхусус дар шаҳри Истаравшан беморхона, марказҳои саломатӣ, боғчаву мактабҳои хусусӣ, марказҳои савдо, корхонаҳои хурду бузург, хонаҳои истиқоматии баландошёна ва дигар иншооти муҳим сохта, ба истифода дода шуданд. Ин ҳама ба он хотир бунёд гардид, ки мардум ба Сарвари давлат боварӣ ва эътимод пайдо кард, - мегӯяд Мавлуда Умарова.

Боиси қайд аст, ки алҳол дар шаҳр 22 кумитаи маҳалла ва 10 ҷамоат вуҷуд дорад. Ҳоло 42 ҳазору 500 нафар аъзои ҳаракат ҳастанд. Аъзо ва фаъолони ҳаракат дар муассисаҳои таълимӣ, сехҳои дӯзандагӣ, алалхусус барои ҷавонон гурӯҳи фаъолзанҳоро даъват карда, бобати Ваҳдати миллӣ, пояндаву ҷовидон нигоҳ доштани он ва расидан ба қадри арзишҳои миллӣ вохӯриву суҳбат ва конференсияву семинарҳо доир мекунанд.

Имрӯз на танҳо халқи тоҷик, балки кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ возеҳ эҳсос менамояд, ки ба Тоҷикистон ин ҳама дастовардҳои беназир ба осонӣ муяссар нашудааст. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки тавассути ин ҳама тадбирҳо давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нуқтаи назари воқеияти таърихии худаш ҳамчун давлати сулҳпарвар ва тараққихоҳ муаррифӣ гардид.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh